Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон пас аз баррасии далели қонуншиканиҳо нисбати мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ки дар мавриди он дар ҳафтаномаи «Азия-Плюс» таҳти унвони «Соҳибкорон дар фурудгоҳи Душанбе» мавод ба табъ расид, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз прокуратураи нақлиёт дар ин робита хабар доданд, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели фиреб ҳангоми рӯйпеч намудани бағочи мусофирон боз шудааст.
Ҳамчунин раҳбарияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба идораи ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки шартномааш бо ширкати «Сорбони умед»-ро, ки шурӯъ аз соли гузашта ин ҷониб ба рӯйпеч намудани бағочи мусофирон машғул буд, бекор кардааст.
Дар номаи расмӣ таҳти имзои раҳбари фурудгоҳ Рустам Холиқов зикр мегардад, ки аз оғози фаъолияти ширкати «Сорбони умед» дар толори бақайдгирии фурудгоҳ, борҳо даъвоҳои шифоҳии мусофирон оид ба қонуншикании кормандони марбут ба рӯйпеч кардани бағочи мусофирон ҷой доштаанд, аммо сарфи назар аз огаҳии чандинкаратаи раҳбарияти фурудгоҳ, кормандони ширкат амалашонро идома додаанд. Зимнан зикр мегардад, ки аз натоиҷи тафтишот иловатан хабар дода мешавад.




Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шартии нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста