Вакилони дифои соҳибкори тоҷик Зайд Саидов рӯзи 9-уми декабр дар мурофиаи судӣ, ки дар бинои тавқифгоҳи муваққатии КДАМ баргузор мегардад, баромад мекунанд.
Дар мурофиаи судии гузашта шаҳрванди Ветнам Хоанг Ван Хиеп, ки яке аз созмондиҳандагони «ВТ Рохи Абрешим» аст, баромад кард.
Ба гуфтаи вакили дифоъ Шуҳрат Қудратов, Хоанг Ван Хиеп, ҷабрдидагон Шуҳрат Камолов ва Давлаталӣ Сафаров аз суд хоҳиш кардаанд, ки ҷуброни молӣ аз Зайд Саидов ситонда шавад ва ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ сафед карда нашавад.
Писари Саидов - Хайрулло Сайдов ба Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки умед надошт, айбдоркунандаи давлатӣ талаби одилонае кунад. Ёдовар мешавем, дар мурофиаи судии қаблӣ айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов ҳукми 28 соли зиндон дода шавад.
“Умедворам, суд одилона ва боинсофона ҳукм мебарорад. Вале, мутасифона, айбдоркунанда 28 сол дархост кард, ки бисёр моро ғамгин намуд. Чунки айбдоркунанда баромади 15 нафар шоҳидонеро, ки мо доштем, ба назар нагирифт. Ҳарчанд мардум мегӯянд, ки прокурор сиёҳкунанда мебошад, аммо мо фикр мекардем, ки ҳадди ақал бо нигоҳи одилона рафтор мекунанд”, - гуфт писари Зайд Саидов.
Қабр ё қаср? Чаро дар оромгоҳҳои Хуҷанд гӯрҳо фурӯ мераванд?
Боздошти як марди 53-сола бо гумони бо корд захмӣ кардани духтари 8-сола дар Панҷакент
Як соҳибкор ба 10 оилаи эҳтиёҷманди Конибодом хона тақдим кардааст
Милитсияи Душанбе гуфт, фарзандони волидайнеро, ки аз уҳдаи тарбияи онҳо намебароянд, ба муассисаҳои махсус месупорад
Таркиби этникии Осиёи Марказӣ: Кадом халқҳо ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд?
“Укроин се сол вақт дошт”. Интиқоди Зеленский, вокуниши Трамп ва натиҷаву вокунишҳо ба музокироти намояндагони Русия ва Амрико
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд ҳаҷми табодули молро байни ду кишвар ба $500 млн расонанд
Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири Тирмиз ва далқаки нодон”
Соли гузашта блогерони Тоҷикистон ҳудуди $2,5 млн даромад ба даст овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста