Рузи 10-уми декабр соҳибкори тоҷик Зайд Саидов дар мурофиаи судӣ бо сухани ниҳоӣ баромад меунад.

Имрӯз дар мурофиаи судӣ вакилони дифои соҳибкор Фахриддин Зокиров ва Шуҳрат Қудратов дар рафти сухани ниҳоии худ далелҳое, ки бегуноҳии Зайд Саидовро тасдиқ мекунанд, ба суд пешниход карданд ва хостори баррасии дақиқ ва бехатои парвандаи зерҳимояташон шуданд.

Тавре Фахриддин Зокиров қайд кард, имрӯз пас аз баромади вакилони дифоъ вазъи руҳии Зайд Саидов хубтар шуд ва ӯ омодагии худро ба баёни сухании ниҳоӣ эълон дошт.