Шабонарӯзи гузашта кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз се ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҷилавгирӣ намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Суғд зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини шаҳри Хуҷанд Абдуманон Исмоилови 43-сола дастгир карда шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 1 килою 458 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 6,5 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин, зимни як амалиёти дигари фаврӣ Ҷаҳонгир Розиқови 26-сола, сокини ноҳия Ҷаббор Расулов бо 242 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» боздошт шудааст.
Гуфта мешавад, зимни боздошти шаҳрванди 22-солаи Афғонистон Хайриддин валади Шералихон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ, аз ӯ ба миқдори 550 грамм маводи нашъадори «афюн» ва 3,5 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи далелҳои дар боло зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста