Адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов барои паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ аз болои роҳбарии Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фатттоҳ Саидов ба суд шикоят карданианд. Барои ин онҳо аз Фаттоҳ Саидов барои зарари маънавӣ 1 сомонӣ маблағ рӯёниданианд.

Яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз ҷониби ҳимояи соҳибкор барои паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ба суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карданист.

Сабаби муроҷиат ба суд аз болои Фаттоҳ Саидов дар он аст, ки ӯ дар нишасти хабарии санаи 4-уми феврал изҳор намуда буд, ки «адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов баъзан бо изҳороти беасос ҳақмузди худро кор мекунанд ва ташхиси ДНК дар озмоишгоҳи «БиоПапа»-и Маскавро сохтакорӣ кардаанд».

«Ин изҳороти ӯ гувоҳи он аст, ки гӯё мо, адвокатҳо бо сохтакорӣ кардани ташхиси ДНК ҷиноят содир карда, хешовандони Зайд Саидовро ба гумроҳӣ меандозем ва бо ин роҳ ҳақмузди худро кор мекунем. Ҳамаи ин гуфтаҳои ӯ бепояву беасосанд ва шаъну эътибор ва мартабаи кории моро паст мезананд», - зикр кард Қудратов.

Ба гуфтаи ӯ, дар даъво онҳо раддия тариқи матбуот аз роҳбари Агентии зиддифасод ва ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми рамзии 1 сомониро талаб хоҳанд кард.

Нимаи ҳафтаи гузашта намояндагони озмоишгоҳи тиббии «БиоПапа»-и шаҳри Маскав изҳороти роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар бораи маълумоти бардурӯғ додан аз ҷониби озмоишгоҳро рад намуда, тавассути ВКХ Русия аз болои ин изҳорот шикоят бурданианд.