Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати духтури беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидови  вилояти Хатлон Шарифхон Қурбонов парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар давраи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ Шарифхон Қурбонов комиссияи тиббии даъватро раҳбарӣ карда, ба гирифтани пора гумонбар длниста мешавад.

Ҳамин тариқ, 25-уми апрели соли равон Қурбонов барои аз хизмати ҳарбӣ озод кардани даъватшаванда Зайниддин Табарови 21-сола аз ноҳияи Фархор аз бародари ӯ 500 доллари ИМА пора талаб мекунад. «Шарифхон Қурбонов пас аз гирифтани 500 долари ИМА аз шаҳрванд Табаров М.Ҳ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуд», - иттилоъ медиҳад Агентӣ.

Гуфта мешавад, нисбати Қурбонов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтиш идома дорад.