Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» перомуни мушкилоте, ки ҳамарӯза мавриди ташвиши вазир аст, посух дод, ки дар навбати аввал ӯ бештар аз мушкилоти дар ҳоли афзоиш қарордоштаи ҷинояткорӣ миёни наврасон нигарон аст.
Вазир таъкид дошт, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон аз ҷониби наврасону ҷавонон 3 ҳазору 62 ҷиноят содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 126 ҷиноят зиёдтар буда, дар ин давра нисбати волидайне, ки ба риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулият падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳ додаанд, 4 ҳазору 690 санади қонуншикании маъмурӣ тартиб дода шудааст.
«Мушкилоти дигаре, ки ҳамарӯза маро нигарон месозад, ба таҳсили насли ҷавони кишвари мо дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар аст, ки дар онҳо ба ҷои одамони худотарсу имондор, маъмулан террористону ифротгароёнро омода мекунанд, - иброз дошт Рамазон Раҳимзода.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳудуди 150 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин муассиаҳои таълимӣ дар хориҷи кишвар таҳсил доранд.
«Мушкилоти сеюми мавриди ташвиши доимии ман ҳамчун роҳбари ВКД ва шаҳрванди кишвар ба иштироки тоҷикистониён дар низоъҳои мусаллаҳона дар Сурия, Афғонистон, Покистон ва дигар мавзеи даргири ҷаҳон марбут аст», - қайд кард ӯ.
Вазир таъкид намуд, ки тибқи маълумоти хадамоти махсуси ҷумҳурӣ, имрӯз наздики 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд.
«Мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли он низ мушкилоти рӯзмарраи Тоҷикистони имрӯза аст. Ба гунаи мисол гуфта метавонам, ки бетартибиҳои рухдода рӯзи 21-уми май дар Хоруғ маҳз ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар марбутанд», - афзуд вазир.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста