Собиқ роҳбари маҳкумшудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзи Искандаров, ки муддати 10 сол дар зиндони Душанбе адои ҷазо мекард, барои анҷоми мусоҳиба бо радиои Озодӣ ба зиндони наздикии шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуд.
Аббосидин Ҳомидов, бародарзодаи Маҳмадрузӣ Искандаров, рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки баъди нашри мусоҳибаи сиёсатмадори зиндонӣ бо Радиои Озодӣ, намояндагони Раёсати ислоҳии маҳбаси вазорати адлия ӯро даъват карда ва ҳамчун ҷазо ба зиндони “Кирпичний” интиқол додаанд.
Ба гуфтаи Ҳомидов, мақомот хостаанд, ки аз ҳамин роҳ иртиботи Маҳмадрузӣ Искандаровро бо хабарнигорон қатъ кунанд.
Як мақоми раёсати маҳбасҳои вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “се рӯз аст, ки Маҳмадрузӣ Искандаров дар маҳбаси рақами 4/7 давраи карантинро пушти сар карда, бо қоидаҳои ин маҳбас шинос шуда, баъди 9 рӯз барои адои давраи ҷазо дар ҳамин маҳбас мемонад.”
Санаи 11 август радиои Озодӣ мусоҳибаеро бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров интишор намуд, ки дар он сиёсатмадор дар робита ба имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон изҳор доштааст, ки «наҳваи сулҳе, ки ба даст омад, нодуруст буд ва ин як сулҳи дурӯғин буд».
Ёдрас мекунем, ки собиқ пешвои Хизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров соли 2005 ба терроризм, ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳ, суиқасд ба куштор, дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва суистифода аз ваколатҳои мансабӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.




Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста