Гумонбари асосӣ ба ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино Умедҷон Амрохон рӯзи 27 апрел ба 30 соли зиндон маҳкум шуд.

Суди шаҳри Душанбе Умедҷони Амрохонро, ки ба ҳамла ба 4 корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт ва қатли ду нафари онҳо гумонбар дониста мешуд, дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - куштори ду шахс ва бештар аз он ва куштори шахсони дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ қарордошта гунаҳкор эътироф намуд. Умедҷони Амрохон 25 сол муҳлати адои ҷазоро дар зиндони низомаш сангин ва 5 соли дигарро дар маҳбаси пӯшида паси сар мекунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Бахтиёр Маҳмудзода барои Умедҷони Амрохон ҳукми ҳабси абадро дархост намуда буд.

Ҳамчунин дигар хешону ҳамроҳони дар курсии айбдорӣ нишастаи ӯ дар робита ба ин ҷиноят - Наврӯзҷон Мирзоев барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ба 4 сол, Одилҷон Мирзоев - ба 3,5 сол, Шарифҷон Раҳматов - ба 1,5 сол ва Ҷумъахони Давлатшо ва Шоҳинҷон Сафаров - ба 1 солии зиндон маҳкум карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки  субҳи рӯзи 7 ноябр  афроди номаълум  ба 4 тан аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ҳалок ва боқимонда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. ВКД Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ рабте надорад.