Ширкати сохтмонии “Комил - 2010”, ки моли Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, то кунун се “бинои мушкилдор”-и худро ислоҳ накардаву насупурдааст. Дар ин бора, имрӯз, 4 феврал, дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода хабар дод.
“Дар ҳоли ҳозир комиссия ба таври шабонарӯзи раванди бартараф кардани камбудиҳоро назорат карда истодааст. Ҳоло ин ширкат норасоиҳои як бинояш дар маҳаллаи “Зарафшон”-ро баратарф кардаву барои қабал ба комиссияи давлатӣ пешниҳод кардааст. Мо мунтазири хулосаҳои ниҳоии комиссия ҳастем”,-гуфт Зувайдзода.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маълум нест, ки мепазиранд ё не, комиссия тасмим мегирад. Ҳамчунин ба ширкат гуфтаанд, ки мушкилоту норасоии биноҳои дигарашро, ки комиссия то ҳанӯз қабул накардааст, бартараф кунад.
Зувайдзода, баъди нишаст дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки ширкати “Комил-2010” то кунун дар рӯйхати сиёҳ аст ва ба ӯ дигар иҷозат барои сохтмон намедиҳанд.
Интиқодҳо аз Бег Сабур
Интиқодҳои расмӣ алайҳи ширкати “Комил-2010”, ки марбути Бег Сабур мебошад дар нишасти матбуотии як сол пеши Кумитаи сохтмону меъморӣ садо дода буданд, ҳарчанд шикоятҳо аз сифати сохтмонҳои марбут ба ширкатҳои Бег Сабур дар миёни мардум то ин вақт ҳам бисёр буд.
Он замон Маҳмадсаид Зувайдзода гуфта буд, ки “Ширкатҳои ӯ, “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад. Аз ин пас, ба Бег Сабуров дар Душанбе дигар иҷозатномаи сохтмон намедиҳанд”.
“Сокининони бинои дарволзи ғарбӣ, дар маҳаллаи “Зарафшон” 8 сол аст, ки ҳеч санаде надоранд,-гуфта буд он вақт Зувайдзода.-Мо он ҷо як коммисияи корӣ гузаронидем, аллакай комиссияи давлатӣ ба кор сар кардааст. Дар бинои дигар ҳам комиссияи давлатӣ ба кор пардохт ва имзоҳо ҷамъ карда шуда истодаанд. Дар як биное, ки дар маркази шаҳр буд, ду лифтро насб накарда буданд... Ман худам рафта дидам, аз се лифт дутор насб кардаанд ва ҳоло сеюмро ҳам насб мекунанд. Ин ҷоро ҳам комиссияи давлатӣ месанҷад. Ҳамагӣ як бино мемонад, дар назди бемористони кассалиҳои сироятӣ. Мушкилиҳош (аз Бег Сабур) зиёданд”.
Дар тамоми кишвар сохтмони биноҳои бисёрқабатеро ба Бег Сабур марбут медонанд. Аксари ин биноҳоро танқид мекунанд, аммо аз ҳисоби он ки арзиши онҳо арзонтар аст, мардум аз онҳо бештар мехаранд.
Зимнан, Бег Сабур то кунун таъйид накардааст, ки ширкатҳои сохтмонӣ марбути ӯ мешаванд.
Дар Тоҷикистон, бар асоси қонун мансабдорон ҳаққи ба тиҷорат ва соҳибкорӣ сару кор гирифтанро надоранд. Аммо ин суханони раиси кумитаи сохтмону меъмори баёнгари онанд, ки Бег Сабур бо нақзи қонун ба соҳибкори ва тиҷорат срау кор гирифтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста