Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар ВМКБ ҳафтаи охир бо кумаки ин дурбинҳо ҳафт ҳолати вайрон намудани қойдаи роҳ аз ҷониби ронандагон ошкор шудааст.
Раёсати ВКД дар ВМКБ дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки дар шаҳри Хоруғ дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб гардида, ин онҳо “ҷиҳати таъмини тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ ба таври шабонарузӣ фаъолият мебаранд”.
Ба гуфтаи манбаъ, навбатдорони маркази “Шаҳри бехатар” бо мушоҳидаи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, аз ҷумла вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон, дарҳол ба масъулини БДА дар тамос шуда, оид ба ҳолати мазкур гузориш медиҳанд. Аз рӯи далели қоидавайронкунӣ аз ҷониби нозирони роҳи шӯъбаи БДА ронандагон боздошт ва дар асоси навор ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Давоми як ҳафтаи охир, тавассути ин низом ҳафт нафар ронанда, ки қоидаи роҳро вайрон намуданд, муайян ва ҷарима шудаанд.
Дар хусуси санаи фаъолгардии низоми “Шаҳри бехатар”-и дар Хоруғ чизе гуфта нашудааст.
Хотиррасон мекунем, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста