Сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода Ғайрат Қузимуродов ба суиқасд ба куштори собиқ хушдоманаш гумонбар дониста мешавад. Ин ҳодиса дар ҷамоати деҳоти ба номи Тӯйчиев рӯзи 20 сентябр рух додааст, гуфта мешавад дар гузориши барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз 4 октябр.
Бино ба маълумоти тафтишот, гумонбаршуда шабона ниқоб пӯшида, ба хонаи собиқ хушдоманаш Муҳаббат Эшбӯриева ворид мешавад.
“Дар хонае, ки хушдоманаш бо наберҳояш хобида буд, ӯ ба ҷисми зан бо корд 5 зарба мезанад. Кӯдакон бедор шуда, аз тарс доду фарёд мезананд ва ин мардро водор мекунад, ки ҷойи ҳодисаро тарк кунад”, - баён мешавад дар гузориши телевизионӣ. Ӯ баъдтар дастгир шудааст.
Бар асари ин ҳамла зан ҷароҳатҳои ҷиддии ҷисмонӣ бардошта, дар беморитсон зери муоинаи табибон қарор дорад.
Тибқи маълумоти тафтишот, Ғайрат Қузимуродов қаблан ба духтари зани ҷабрдида издивоҷ карда, лекин бо сабаби фарзанддор нашудан, зану шавҳар аз ҳам ҷудо мешаванд ва аксар вақт байни онҳо ҷанҷолу муноқишаҳо рух медоданд.
Гуфта мешавад, чанде пеш собиқ зани гумонбаршуда ба шавҳар баромада, аз ин Қузимуродов ба қаҳру ғазаб меояд. Ба ақидаи мард, маҳз хушдоманаш сабабгори асосии азҳампошии оила ва шавҳари нав кардани ҳамсараш мебошад.
Дар Прокуратураи шаҳри Турсунзода нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаҳои 147, қисми 2 (Вайрон намудани дахлнопазирии манзил), 32, қисми 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 104, қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 сол таҳдид мекунад.
Маълумоти омории ВКД Тоҷикистон коҳиши ҷиноятҳои марбут ба одамкушӣ ва суиқасд ба он, инчунин ҳолатҳои расонидани зарари вазни ба саломатиро дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин даври соли гузашта нишон медиҳад. Лекин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад - дар зарфи 6 моҳи соли равон 34 ҳодисаи куштани одам ва суиқасд ба он, инчнуин 54 ҳолати расонидаи зарари вазнин ба саломатӣ ба қайд гирифта шудааст.