Соҳибкори ӯзбекистонӣ Салим Абдувалиев, маъруф ба “Салимбойбача” дар доираи парвандаи вакили фирории порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев бозпурсӣ шудааст.
Расонаҳо навиштаанд, ки “Салимбойбача”-ро мақомоти интизомии Ӯзбекистон ва Қирғизистон бозпурсӣ кардаанд.
Мансабдори пешини Пулиси молӣ, вакили кунунии порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев ва раиси пешини дастгоҳи президенти он кишвар Бахтибек Калмуродов дар гирифтани пора аз соҳибкор барои ҳалли як парвандаи марбут ба қочоқ муттаҳам мешаванд.
Ахиран хабар дода шуд, ки зидди Эмил Жамгирчиев дар Ӯзбекистон ҳам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Раиси Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон Алишер Эрбоев 10 январ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст, ки Жамгирчиев дар Ӯзбекистон ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешавад.
Додситонии кулли Қирғизистон низ бо айби ҳамсон алайҳи Эмил Жамгирчиев парванда боз кардааст. Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон иҷоза дод, ки Эмил Жамгирчиев ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Ҷаласаи комисия рӯзи 9-уми январ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Пеш аз шуруъи ҷаласа Жамгирчиев гуфт, ки бо айбҳои нисбаташ эъломшуда розӣ нест ва онҳоро таъқиби сиёсӣ меҳисобад.
Баъди тасмими кумисюни вакилон, муфаттишони Додситонии кулли Қирғизистон талош кардаанд, ки даъватнома барои бозпурсиро ба Жамгирчиев супоранд. Вай вориди яке аз утоқҳо шуда, аз ошёнаи дувум ба ҳавлии порлумон ҷаҳида ва аз тафтишот фирор кардааст.
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Чаро фармони даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон имсол дар моҳи феврал содир шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2025
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста