Дар Душанбе се нафар мардони қаблан аз ҷониби додгоҳ маҳкумшуда - Ҳамза Валиев, Саидҷамол Каримов ва Наҷбуддин Шарипов боздошт шуданд.
Тавре ки Раёсти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин дафъа онҳо барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, номбурдагон худро ҳамчун устои таъмири манзили истиқоматӣ муаррифӣ намуда, сокини 44-солаи шаҳри Душанбе, Маърупов З.-ро дар манзили зисташ латукӯб кардаанд.
“Бо роҳи маҷбурӣ маблағҳои пулӣ ва як адад телефони мобилии ӯро рабуда, ҳамзамон ду адад телевизиорро шикаста, ба ҷабрдида дар умум беш аз 17-ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур дар ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди тафтишот қарор дорад. Аз дигар ҷузъиёти ҳодиса хабар дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 6 моҳи аввали соли равон ҷиноятҳои ғоратгарӣ зиёда аз ду маротиба - аз 5 ҳолат дар соли гузашта то 11 ҳолат дар соли равон зиёд шудааст.





Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста