Пулиси вилояти Суғд директори пешини мактаби №45-и ноҳияи Аштро боздошт кардааст, ки ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ тавассути “ҷонҳои мурда” гумонбар мешавад.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” аз ин шахс Мирзосаид Маҳмудови 40 сола ном бурда, гуфтааст, ки ӯ “дар шаш ҳолат беш аз 17 ҳазор сомонии буҷетро тасарруф кардааст”.

“Гумонбаршуда аз моҳи августи соли 2017 то моҳи январи соли 2025 дар вазифаи директори мактаб фаъолият карда, бо истифода аз ваколатҳои мансаби маблағҳои буҷетиро тасарруф кардааст. Аз ҷумла ӯ изофанависӣ карда, дар чанд ҳолат ба нафаре, ки умуман дар мактаб кор накардааст, музди меҳнат навишта, худаш гирифтааст”, - гуфта шудааст дар барнома.

Мақомот гуфтааст, ки собиқ директор ба номи муаллимони фанҳои биология, ҷуғрофия ва алифбои ниёгон дар табели мусоҳиботӣ соати иловагӣ ворид карда, вале маблағи онҳоро аз худ мекардааст.

Инчунин, Мирзосаид Маҳмудов дар воҳидии кории дарбон “ҷони мурда” таъин намудааст. Вай ба номи дарбон  900 сомонӣ маош навишта давоми 7 моҳ 6 ҳазору 300 сомониро худаш гирифтааст.

Худи Маҳмудов дар навор гуфтааст, ки имкони дорад, ки маблағи заруриро барқарор кунад. Ин иқрор таҳти чӣ шароит сабт шудааст маълум нест.

Ҳоло нисбати Маҳмудов Мирзосаид барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ё моддаи 245 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳоло дар боздошт аст.

Ёдовар мешавем, ки тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар мактабҳо бори аввал нест. Аз ҷумла соли 2024 сармуҳосиби мактаби №27-и ноҳияи Ашт аз ҳисоби варақаи корношоямӣ ба номи худ 42,618 сомонӣ санад карда, тасарруф карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.