Роҳбари идораи замин дар вилояти Суғд мегӯяд, ду зердасташ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштич даст ба ҷиноят задаанд. Аммо яке аз муттаҳамон мегӯяд, ки дар ҳаққаш “хато ва тӯҳмат шудааст".
Тоҳирҷон Толибзода, сардори идораи замин дар вилояти Суғд оғози моҳи ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, давоми шаш моҳи соли 2025 ду корманди идораҳои замин дар вилоят даст ба ҷиноят задаанд.
“Инҳо сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон ва як масъули идораи замин дар ноҳияи Деваштич мебошанд”, - гуфт Толибзода.
Аммо ӯ мушаххас нагуфт, ки ин ду корманди идораҳои замин дар вилоят чӣ ҷиноят содир кардаанд.
Шокирҷон Қаробоев, сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон иттиҳоми фасодкорӣ алайҳашро тасдиқ кард, аммо шарҳи бештар надод. Ӯ зимни як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, “хато ва туҳмат карданд”. Аммо нагуфт, ки чӣ хато шудааст ва кӣ тӯҳмат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Зариф Атозода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон, ҳам зикр кард, ки “тибқи маълумоти мо ҳам нисбати ӯ (Шокирҷон Қаробоев дар назар аст) парванда боз кардаанд, аммо бо кадом модда, мо ҳам намедонем”.
“То ҳол ба мо тариқи хаттӣ ягон маълумот наомадааст. Шунидем, ки ин ҳолат рух додааст. Ӯро (Шокирҷон Қаробоев дар назар аст) ба ҳукумат даъват мекунем, аммо бо баҳонаи “ман дар идораи зиддин коррупсия” ҳозир намешавад”, - гуфт Атозода.
Аммо ҳам Зариф Атозода ва ҳам Раҳмон Мавлонқулзода, муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳристон тасдиқ карданд, ки сардори идораи замин дар ноҳия ба кори худ идома медиҳад.
Тибқи иттилои Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, ки зимни нишасти ахири матбуотӣ ироа кард, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 11 корманди идораҳои замин дар шаҳру навоҳии вилоят 10 ҷиноят содир шудааст.
Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотии ахир зикр кард, ки дар шаш моҳи охир, дар робита ба фаъолияти кормандони идораҳои замин дар вилоят 190 парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд ва ҳамчунин, 1853 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.
Бояд зикр кард, ки Оҷонсии зиддифасод дар нишасти ахири матбуотӣ бахши идораи замин дар кишварро яке бахшҳое гуфта буд, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ зиёд сабт шудааст. Ин ниҳод теъдоди ҷиноятҳои дар ин бахш ошкоршударо 58 адад гуфта буд.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста