Мудири маорифи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки аксу навори ҳузури ӯ дар маркази дилхушӣ (дискотека) дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз вазифа барканор шудааст. Худи мудири ҳамакнун пешини маориф даъво дорад, ки ӯро “дӯстон”-аш фиреб доданд ва аз вазифа ҳам бо хоҳиши худаш рафтааст.

Дар наворе, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нафари номаълум таъкид мекунад, ки Исроил Қурбонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон бо мудирони чанд мактаб дар маркази дилхушӣ тасвир ёфтааст. Иддао мешавад, ки мудири маориф “бо пули муаллимон” ба маркази дилхушӣ меравад. Садои гӯянда дар навор тағйир дода шудааст ва муаллифи он ҳам маълум нест.

Аммо худи Исроил Қурбонзода тасдиқ кард, ки ба маркази дилхушӣ рафтааст. Ӯ дар як сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо даъвати дӯсташ барои чанд лаҳза ба маркази дилхушӣ рафта, вале фиреб хӯрдааст.

“Баъди кор бо даъвати дӯстам ба маркази дилхушӣ рафта, “подстава” шудам. Ҳамаро дӯсти ҷонӣ фикр кардему гуфтем, ду-се дақиқа шинем ҳамроҳашон, ки “подстава” будаст. Аз миёни рафиқон касе навор гирифту ҳамин хел шуд”, - гуфт Исроил Қурбонзода.

Исроил Қурбонзода нагуфт, ки баҳонаи ба маркази дилхушӣ рафтан чӣ буд, лекин ӯ иддаои дар навор зикршуда, яъне таҷлили зодрӯзашро рад кард.

Баъди нашри ин навор, Исроил Қурбонзода аз вазифаи мудири маорифи ноҳияи Хуросон барканор шудааст.

Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабари барканории Қурбонзодаро аз вазифаи мудири маорифи ноҳияи Хуросон тасдиқ кард. Аммо сабаби барканории ӯро шарҳ надод.

 


Аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз қазияи мудири маорифи ноҳияи Хуросон огоҳанд ва дархости барканории ӯ аз ҷонибиҳукумати ин ноҳия дар назди вазири маориф ва интизори имзо шудан аст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар дархости ҳукумати ноҳияи Хуросон сабаби барканории Исроил Қурбонзода “нақзи меъёрҳои қонуни танзими ҷашну маросим” зикр шудааст.

Худи Исроил Қурбонзода мегӯяд, ки “нангу номус ва асабам бардошта натавонист ва дирӯз, 30-юми октябр, рафта аризаи истеъфо навиштам”.

Дар баробари ин, ӯ ҳузури директори чанд мактаб дар маркази дилхуширо низ рад кард.

Вале Лутфулло Давидов, директори мактаби №9-и деҳаи Обдараи ноҳияи Хуросон, ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки ҳамроҳи Исроил Қурбонзода барои “истироҳат ба маркази дилхушӣ рафтем”. Мақомот ӯро низ барои рафтан ба маркази дилхушӣ “танбеҳ” додаанд. Аммо кадом “мақомот” ӯ нагуфт.

“Ман намедонам, ки зодрӯзи мудири маориф буд ё набуд, хайр вай ҳамту ташкилӣ кардааст. Ҳамроҳи мо дигар директорону рафиқонамон буданд. Баъди нашри навор аз он ҷо пурсиданд, ки “чаро рафтед ба маркази дилхушӣ”. Гуфтем, ки рафтем, дигар чӣ ҳам гуфта мешавад дар ин ҳолат. Ҳозирашба танбеҳ доданд”, - гуфт Лутфулло Давидов.

Ҳамчунин, Исроил Қурбонзода ва Лутфулло Давидов иддаои ҷамъоварии пул аз муаллимонро рад карданд.

Дар Вазорати маориф ва илм ҳам даъвои дар навор зикршуда дар бораи “ҷамъоварии маблағ барои зодрӯзи мудири маорифи ноҳияи Хуросон”-ро беасос хонданд.

Дар Тоҷикистон солҳои пеш баъзе мудирони маориф дар шаҳру ноҳияҳо бо иттиҳоми порахӯрӣ ё камбуд дар кор аз вазифа озод ва муҷозот шуда уданд, аммо ин бори аввал аст, ки мудири маорифи як ноҳия барои ҳузур дар маркази дилхушӣ аз вазифа барканор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.