Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳодии иқтисодии Авруосиё, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири ин созмон ҷамъ омаданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки аъзои он давлатҳои Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон мебошанд. Арманистон давлати нозир ба шумор мераванд.
Сарвари давлати Тоҷикистон зимни изҳори андеша ба марҳилаи нави раванди муттаҳидшавӣ ворид шудани давлатҳои аъзои Иттиҳодии иқтисодии Авруосиёро «посух ба оқибатҳои ҷаҳонишавӣ» номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд барои ба сатҳи ҳамкории воқеан стратегӣ баровардани муносибатҳои кишварҳои аъзои созмон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, «ҳиссаи кишварҳои аъзои ин созмон дар мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 35%-ро ташкил дод». «Афзоиши ҳиссаи кишварҳои алоҳидаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ин мизон суръати хеле баланд дорад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ба иттилои сарвари давлат, «дар тиҷорат бо Тоҷикистон ҳиссаи Беларус нисбат ба соли гузашта 148%, Қирғизистон 138% ва Қазоқистону Русия 160% афзоиш ёфт».
Бо ишора ба ин рақамҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «кишварҳои аъзои Иттиҳод, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба ҳамдигар сахт вобастаанд, танҳо дар ҳамдастӣ метавонанд оқибатҳои сангини буҳронҳои ҷаҳонии иқтисодию молиявиро пушти сар кунанд».
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба мушкилоти Тоҷикистон вобаста ба таъмини бехатарии энергетикию озуқаворӣ бори дигар кишварҳои минтақа ва аъзои ин созмонро «барои мавриди истифодаи босамару оқилона ва ба кулли минтақа судбахш қарор додани имкону захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо» ба ҳамкории наздик даъват намуд.




Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста