Созишномаи нав дар бораи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон зимни сафари қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе шояд ба имзо нарасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, то имрӯз ҷонибҳо сари масъалаи муҳлати ҳузури минбаъдаи пойгоҳ ба мувофиқа расида наметавонанд.

«Русия исрор дорад, ки шартномаи нав ба муҳлати 49 сол ба имзо расад. Тоҷикистон бошад, муҳлати минбаъдаи 30 солро пешниҳод намуда, исрор меварзад, ки оғози муҳлати шартнома аз соли 1993, яъне аз замони ба салоҳияти Русия гузаштани дивизияи 201-ум ҳисоб шавад», - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, дар ҳукумат аз эҳтимол дур намедонанд, ки зимни гуфтушунидҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муҳлати имзои шартномаро мустақилона муайян мекунанд. «Ҳамчунин имзои нақшаи байниҳукуматӣ «Дар бораи таҷдиди Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон» бо мусоидати Русия низ дар назар аст», - зикр кард манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон шояд созишномае ба имзо расад, ки мутобиқи он, шаҳрвандони кишварҳо бидуни қайд дар қаламрави кишварҳо 15 рӯз будубош дошта бошанд. «Ғайр аз ин, имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ низ дар назар буда, дар ин масъала мувофиқасозии ҳаҷми солонаи воридоти маҳсулот боқӣ мондааст, зеро Русия аз содироти дубораи ин маҳсулот аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигари минтақа нигарон аст», - изҳор дошт сарчашмаи хабар.

Дар ҳукумат ҳамчунин зикр карданд, ки дар ҷараёни сафари Путин масоили аз эътибор соқит кардани қарзи Тоҷикистон дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» низ баррасӣ шуда, ба Русия пешниҳод мегардад, ки дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду миёна дар Тоҷикистон ширкат варзад.

«Имрӯз як ҳайати сершумори гурӯҳи коршиносон аз маъмурияти Владимир Путин ба Душанбе ташриф оварда, бо ҳамтоҳои тоҷики худ ба таҳияи асноде, ки имзояшон пас аз гуфтушуниди сарони кишварҳо дар назар аст, оғоз мекунанд», - афзуд манбаъ.