Аз оғози соли равон дар назди дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳалқии демократии Тоҷикистон «Маркази таблиғот ва таҳлил» таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабар дод, роҳандозии корҳои таблиғи афкору ғояҳои ҳизб миёни қишри васеи аҳолӣ ва таҳлили рӯйдоду далелҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаи кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии марказ маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ Адҳам Мирсаидов, ки қаблан ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ифои вазифа мекард, роҳбари марказ таъин шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ба кор дар маркази мазкур мутахассисони варзидаи бахшҳои сиёсату иқтисод ва рӯзноманигорон ҷалб карда мешаванд. «Ояндаи наздик марказ маросими муаррифии сомонаи нави ҲХДТ дар шабакаи ҷаҳонии Интернетро доир месозад», - афзуд сарчашмаи хабар.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 195 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.