Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои ҳавзи шиноварӣ бо 1800 ҷойи нишаст иштирок карда, бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти калони варзиширо ба истифода дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии бино 50 ба 16 метр аст, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.

Дар асоси нақша ин иншоот аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр Меҳмонхонаи Чанорро барои 100 ҷой ифтитоҳ намуд.

Сохтмони меҳмонхона аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» ба анҷом расида, бо тарҳи муосир бунёд шудааст. Барои бунёди таҷҳизонидани меҳмонхона беш аз 46 миллион сомонӣ сарф гардид. Бино бо таҳхона ва мансард аз 13 ошёна иборат мебошад.

Акнун баъди бунёди меҳмонхона зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ошёнаи аввал як китобхона бо 7 ҳазор китоб мавҷуд аст. Дар қисми дигари ҳамин ошёна, хамчунин як маркази савдо ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи якум Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари дӯзандагони моҳир, заргарон, ҳайкалтарошон, рассомон аз наздик шинос шуда, ба маҳорати онҳо баҳои баланд дод. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 68 нафар кӯдакони ятим тӯҳфаҳои пурарзиш, аз ҷумла сару либос тақдим кард.