Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ (ОМ) Петко Драганов бар ин назар аст, ки имрӯз барои ҳукуматдорони минтақа пешгирии терроризм аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.

«Онҳо назди минтақаи амали гурӯҳҳои гуногуни террористӣ қарор дошта, албатта, ин ҷо ҳама хатари паҳншавии ифротгароии зӯроварона ва терроризмро эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, дар ин самт кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Бидуни ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҳеҷ як давлате ба иҷрои ин вазифа муваффақ намешавад. Мо ин вазъро натанҳо дар Осиё, балки дар Аврупо ва ҳама ҷои дигар низ мушоҳида мекунем», - иброз доштааст Драганов дар мусоҳиба ба Радиои СММ.

Номбурда ҳамчунин дар ин робита изҳор намудааст, ки имрӯз бисёре аз зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ дар сафҳои гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Шарқи Наздик амал мекунанд.

Ба қавли Драганов, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ платформаи худро пешниҳод намуда, баҳри густариш ва беҳбуди чунин ҳамкорӣ миёни кишварҳо талош меварзад. «Ба фикри ман, миёни кишварҳо бештар сурат гирифтани табодули маълумот ва ҳамоҳангсозии беҳтари амалҳои худ зарур буда, мо дар ин самт тадбирҳо меандешем», - гуфтааст ӯ.

Драганов таъкид доштааст, ки дар самти мубориза бо терроризм Марказ ҳамаҷониба бо кишварҳои минтақа ҳамкорӣ дорад. «Албатта, ба чунин ҳамкориҳо минбаъд низ густариш бахшидан лозим аст. Бахусус табодули маълумот ва ҳамкориҳо байни сохторҳои ҳукумат ва ғайриҳукуматиро беҳтар кардан зарур мебошад», - гуфтааст ӯ.