Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти аввалин президенти Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба пайвыандони наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар тасаллияти Пешвои миллат зикр мегардад, ки Қаҳҳор Маҳкамов дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст.
Гуфта мешавад, мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд.
«Дар ин лаҳзаҳои вазнин ба фарзандону пайвандон ва хешу таборони Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба ҳамаашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳам», - омадааст дар тасаллияти сарвари давлат.
Қаҳҳор Маҳкамов пас аз бемории тӯлонӣ рӯзи 8 июн дар синни 85-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Маросими ба хок супурдани аввалин президенти Тоҷикистон имрӯз дар оромгоҳи Сари Осиёи пойтахт доир мегардад.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста