Комиссия талаб мекунад, ки шаҳодтаномаи сабти номи “Азия-Плюс” дар Вазорати фарҳангро пешниҳод кунем, вале вазорат сабти номи “АП”-ро тамдид намекунад, мунтазири маълумотнома аз КДАМ аст...
Чӣ гап шуд?
Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном кардани хабарнигорони «Азия-Плюс»-ро барои инъикоси интихоботи пешорӯйи президентӣ рад кард.
25 сентябр Идораи «Азия-Плюс» ба унвонии Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсӣ барои сабти ном кардани 9 хабарнигори худ мактуб ирсол кард, то ҳаққ пайдо кунанд интихоботи президентӣ дар кишварро пӯшиши хабарӣ бидиҳанд.
Мисли интихоботи порлумонӣ дар моҳи март барои сабти ном кардани хабарнигорони худ “АП” ба КМИР мактуби расмӣ, нусхаи шиноснома ва шаҳодатномаи кории хабарнигоронро ирсол намуд. Вале ин бор дар КМИР ҳуҷҷатҳоро напазируфтанд ва талаб карданд, ки шаҳодномаи қайди давлатии “Азия-Плюс” дар Вазорати фарҳангро низ пешниҳод кунем.
Маълумотномаи КДАМ зарур аст...
Дар Вазорати фарҳанг шаҳодатномаи сабти номи расонаҳоро ҳар се сол нав (тамдид) мекунанд. Бори охир “Азия-Плюс” ин ҳуҷҷати худро соли 2017 нав карда буд. Ин тобистон, ҳанӯз 13 август, мо расман ба Вазорат барои тамдиди сабти ном дархост дода будем. Ҳамаи санадҳои барои ин кор лозимро сари вақт пешниҳод кардем. Ҳамаро, ба ҷуз якто – маълумотнома аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин чӣ маълумотнома аст ва дар он чӣ бояд навишта шавад, касе намедонад, зеро пештар ин гуна ҳуҷҷат дар рӯйхати аснод набуд. Ба КДАМ барои дарёфти ин маълумотнома “АП” 14-уми августи 2020 муроҷиат карда буд, вале то кунун ҳеч посухе дарёфт накардааст. Дирӯз, 28 август, мо аз Вазорати фарҳанг посух гирифтем, ки санадҳои мо ҳоло ҳам “дар баррасӣ қарор доранд”...
Ба мавзуи сабти ном шудан дар Комиссияи марказии интихоб ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меагрдем: дар ин ниҳод бар сари шаҳодатномаи сабти номи “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанг пойфишорӣ мекунанд, зоҳиран, комилан бовар надоранд, ки чунин як расона дар ҳақиқат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Хуб, дигар чӣ кор кунем, иҷоза нест, пас нест – мо шаҳрвандони қонунмадорем, мавзуъҳои дигарро инъикос мекунем. Танҳо ҳаминро бояд илова кард, ки соли гузашта, ба таври номаълум сайти асосии «Азия-Плюс» - www.news.tj шикаста ва дастнорас гардид. Худи сайт соли сеюм аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон масдуд карда шудааст. Вале дар ҳамин ҳол мақомоти кишвар далели масдуд шудани сайтро рад мекунанд ва инро “мушкили фаннӣ” маънидод мекунанд.
Редаксияи Asia-Plus




Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста