Владир Путин дар дидор бо Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки аз вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сахт нигарон аст. Ин мулоқоти президенти Русия бо Ҷабборов дирӯз дар Сочи баргузор шуд.
Кремлин хабар медиҳад, ки Путин ба Ҷабборов гуфтааст, ки мо вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо нигаронии хос дунбол кардем. "Тавре шумо медонед, чанде пештар раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҷо сафар дошт. Мо бо ӯ ҳам ин мавзуъро баррасӣ кардем. Мо нияти ду ҷонибро барои ҳалли ҳамаи масъалаҳои баҳсталаби инчунинӣ дар ҷараёни гуфтушунид мусбат дарк кардем. Боварӣ дорам, ки ин гуна ҳадафро танҳо бо ин роҳ метавон ба даст овард",-гуфтааст Путин.
Путин гуфтааст, ки аҳ мо ҳар чизе, ки барои ҳалли ин мавзуъ муҳим бошад, мекунем.
Торнамои президенти Қирғизистон хабар медиҳад, ки Содир Ҷабборов ба Путин барои таваҷҷуҳ ва нигарониҳои марбут ба вазъи марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори миннатдорӣ кардааст.
Путин ҳамчунин гуфтааст, ки барои ҳалли ин мушкил "бояд роҳи ҳалле пайдо шавад, ки барои дарозмуддат бошад ва посухгӯи манофеи ҳар ду кишвар низ бошад. Мо ҳам дар навбаи худ барои ин ёрӣ мекунем".
Даргирии ахири марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол ки 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ аз Тоҷикистон ва ва 36 куштаву 154 маҷрӯҳ дар Қирғизистон барҷой гузошт, вокунишҳои байналмилалие ҳам дар пай дошт.
Дирӯз, сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук навишт, ки Қирғизистон то ҳалли шудани мушкилот бо Тоҷикистон равуои марзӣ бо ин кишварро комилан қатъ мекунад. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид вокунише накардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста