Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Твиттераш дар бораи кушодашавӣ ва гирифтани иҷозатномаи (муҷаввиз) ифтитоҳи намояндагии Ҷабҳаи муқовимат дар Амрико хабар дод.
"Дафтари байналмиллалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон муҷаввизи ифтитоҳи расмӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дарёфт карда, ба зудӣ фаъолиятҳои худро дар саросари ҷаҳон густариш хоҳад дод", - навиштааст ӯ.
Алӣ Майсам Назарӣ ба Афғонистон Интернешнл гуфта, ки муҷаввиз барои кушодани намояндагии байналмиллалии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Вашингтон содир шудааст.
Вай гуфтааст: "Ин муҷаввиз аз сӯи вазорати адлияи Амрико содир шудааст".
Ҷаноби Назарӣ дар сӯҳбат ба ин хабаргузорӣ афзудааст, ки чунин иҷозатномаҳо барои ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомӣ аҳёнан содир мешавад.
Гирифтани иҷозатнома ва кушодашавии дафтари Ҷабҳаи муқовимат дар Амрико дар ҳолест, ки ин ҷабҳа дар хориҷ аз Афғонистон дафтари расмӣ надошт ва гуфтугӯҳо дар бораи кушодашавии ин дафтар чанд бор аз сӯйи намояндагони ин ниҳод садо дода буд.
Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба портали Axios иттилоъ медиҳад, ҳадафи ифтитоҳи намояндагӣ муътақид сохтани сиёсатмадорони амрикоӣ ба дастгирии мухолифони афғон унвон шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.