Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии кишвар хабари додани кумакпулӣ ба кормандонеро, ки аз соли 1990 то 2024 кор кардаанд, дигарбора рад кард ва онро беасос хонд.
Хабари додани кумакпулии Вазорати меҳнат ба нафароне, ки дар ин солҳо кор кардаанд, чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Дар он гуфта мешавад, ки ин ниҳод як рӯйхат тартиб додааст ва агар номи шумо дар он бошад, имкони дарёфти кумак ба миқдори 2500 сомониро пайдо мекунед.
Вазорати меҳнат рӯзи 22 ноябр бо нашри хабаре гуфт, ин гуна хабару эълонҳо бардурӯғ паҳн шудаанд. Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки ба чунин хабарҳои дурӯғ бовар накунанд ва хабарҳои вазоратро аз сомона ва саҳифаҳои расмии он дар шабкаҳои иҷтимоӣ пайгир бошанд.
Ин бори аввал нест, ки аз номи Вазорати меҳнат хабари гӯё додани кумакпулӣ ба шаҳрвандон миёни мардум паҳн мешавад. Қаблан низ дар хабаре мушобеҳ ба ин гуфта мешуд, ин ниҳод ба шаҳрвандоне, ки аз соли 1990 то 2024 кор кардаанд, 2500 сомонӣ ёрдампулӣ медиҳад. Вале қаблан ҳам Вазорати меҳнати кишвар ин хабарро бардурӯғ хонда, аз сокинон хоста буд, ки ба он бовар накунанд.
Вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои қаллобии интернетӣ зиёд ба назар мерасанд. Чанд рӯзи ахир корбарони “Telegram” дар Тоҷикистон мавриди ҳамлаи рамзшиканҳо қарор гирифтанд. Ба корбарон асосан аз дӯстонашон бо мазмуни “обунаи солона ба Telegram Premium” паём ворид мешавад. Дар паём гуфта шудааст, ки замимаро фаъол кунед ва ҳангоми фаъол кардани он аз корбарон маълумоти шахсӣ, номи корбарӣ (логин), рамз ва ё маълумоти корти бонкӣ пурсида мешавад.
Дар пайи ин Додситонии кули Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри баёнияҳои алоҳида, ин хабарро кори дасти қаллобон дониста, аз шаҳрвандон хостанд, дар ҳолати дарёфт кардани ин паёмак онро накушоянд ва ба дигарон низ ирсол накунанд. Балки онро банданд ё пок кунанд.
Мақомомти Тоҷикистон гуфтанд, ин паёмак ва пайванде, ки ба шаҳрвандон ирсол мешавад, дорои вируси зараровар буда, ҳамлаи рахнагарон дар намуди “Фишинг” аст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста