Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳудуди 2 млрд 528,7 млн сомонӣ (беш аз 237 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 13,2% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Операторони хусусӣ, ки вазни қиёсиашон дар бозори алоқаи кишвар 91,2%-ро ташкил медиҳад, 2 млрд 305,3 млн сомонӣ (216 млн доллар) даромад гирифтаанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта даромади ин операторон ба андозаи 17% кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа баръакс, ба миқдори 63,3% афзуда, 223,4 млн сомониро ташкил додааст.
То 1 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4,5 млн нафар корбарони интернет ва қариб 7,2 млн адад муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳудуди 5,4 млн нафари онҳо фаъол мебошанд.
Дар радабандии навшудаи Speedtest Global Index дар моҳи октябр Тоҷикистон аз рӯи суръати интернети сабтшудаи васеъхат байни 158 кишвар дар зинаи 121-ум қарор дошт.
Суръати баландтарини интернети васеъхат дар Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуда, ин кишвар дар радабандӣ мақоми 74-умро касб кардааст. Қирғизистон дар зинаи 82-юм, Қазоқистон - 91-ум ва Туркманистон - дар мақоми 156-ум ҷойгир шудаанд.