Чанд рӯзи ахир корбарони “Telegram” дар Тоҷикистон мавриди ҳамлаи рамзшиканҳо қарор гирифтаанд. Ба корбарон асосан аз дӯстонашон бо мазмуни “обунаи солона ба Telegram Premium” паём ворид мешавад. Дар паём гуфта шудааст, ки замимаро фаъол кунед ва ҳангоми фаъол кардани он аз корбарон маълумоти шахсӣ, логин, рамз ва ё маълумоти корти бонкӣ пурсида мешавад. Додситонии кул гуфт, ин кори қаллобон аст.
Тарзи кори қаллобон чунин аст, ки ба корбар паём дар “Telegram” мефиристанд, ки дар он иддао мешавад, гӯё корбар “обунаи ройгони Telegram Premium” ҳамчун “тӯҳфа” аз ширкат ё шахси наздик гирифтааст. Дар ин паём ба сомонае истинод мешавад, ки ба сомонаи расмии Telegram аст, вале аслан қалбакӣ мебошад. Баъди ворид шудан ба он пайванд аз корбарон маълумоти шахсӣ, рамз ва ҳатто, маълумоти бонкӣ пурсида мешавад. Бо ворид кардани ин маълумот қаллобон ба ин маълумот дастрасӣ пайдо мекунанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як ҳушдор гуфт, “паёмаки мазкур ва пайванди ирсолшуда вируси зараровар буда, ҳамлаи хакерӣ дар намуди “Фишинг” мебошад”.
Ин ниҳод аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш кардааст, ки новобаста аз номи кӣ омадани ин пайванд онро накушоянд ва ба дигарон ирсол накарда, онро банданд ё кӯр кунанд.
“Дар ҳолати кушодани паёмак ва ворид шудан ба пайванди ирсолшуда, хакерҳо метавонанд аккаунти “Телеграм”-и истифодабарандагонро ғайриқонунӣ аз худ намуда, ба мақсадҳои ғаразнок истифода баранд.
Дар натиҷаи гузаштан ба пайвад (ссылка) метавон маълумотҳои шахсӣ ва бонкии худро дар ихтиёри хакерҳо-қаллобони интернетӣ гузошт, ки баъдан онҳо инро барои тасарруф намудани маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии истифодабарандагон ё талаб намудани маблағ бар ивази баргардонидани аккаунтҳои аз худ шуда истифода намоянд”, - омадааст дар огоҳиномаи додситонӣ.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳам айнин чунин огоҳиро дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, аз сокинон хост, “дар ҳолати ба онҳо ирсол гардидани чунин маёмакҳо қатъиян онро накушоянд ва ба дигарон низ ирсол накунанд”.
Хуршед Қурбоншоев, роҳбари созмони “Давтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Азия-Плюс” шарҳ дод, ки ин схемаи фишингӣ, ба фиреби корбарон ва гирифтани маблағҳои онҳо равона шудааст.
“Агар корбар ин маълумотро ворид кунад, қаллобон ба ҳисоби Telegram-и ӯ дастрасӣ пайдо мекунанд. Баъд онҳо метавонанд ҳисоби корбарро барои паҳн кардани паёмҳои фиребгарона истифода баранд. Агар дар ҳисоби “Telegram” маълумоти корт бошад, онҳо маблағҳоро низ мегиранд”, - гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, ирсоли паёмҳои шабеҳ аз сӯи дӯстону пайвандон “амалиёт”-ро боз ҳам боварибахш мекунад ва корбарон ба осонӣ фиреб мехӯранд.
Чӣ таврбояд худро ҳифз кард?
Барои қурбонии қаллобон нашудан, ин тавсияҳоро риоя кунед:
- Ба паёмҳои шубҳанок дар бораи “туҳфа” ва “идом”-ҳо бовар накунед.
- Пеш аз фаъол кардан пайвандҳоро санҷед. Зеро Telegram расман аз нишонаи telegram.org истифода менамояд.
- Истифодаи ҳимояи дусатҳаро фаромӯш накунед.
- Маълумоти шахсӣ ё рамзи корти худро ба касе пешниҳод накунед ва ба сомонаҳои бегона ворид накунед.
Новобаста ба ин, агар ба доми қаллобон афтодед, рамзи саҳифаи худро ҳатман ивваз намуда, ба хадамоти дастгирии Telegram муроҷиат намоед ва ҳангоми зарурат корти бонкии худро фавран банд кунед.
Ин бори аввал нест, ки қаллобон мехоҳанд бо истифод аз шабкаҳои иҷтимоӣ, махсусан Telegram ба маълумоти шахсии корбарон аз Тоҷикистон дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳар дафъа фиребгарон роҳҳои наву мураккабтарро пайдо мекунанд, то маълумоти шахсиро ба даст оранд ва маблағҳоро дузданд.
Моҳи июни соли равон ҳолатҳое ба қайд гирифта шуданд, ки дар онҳо қаллобон бо тақлид ба овози хешовандон, дар бораи садамаҳои фавқулода хабар дода, кумаки молиявии фаврӣ талаб мекарданд. Аксаран онҳо корбаронро маҷбур менамуданд, ки маблағро ба ҳисоби зикршуда ё тавассути системаҳои пардохти мобилӣ гузаронанд. Он вақт баъзе қаллобон дастгир шуданд.
Он замон ҳамчунин, корбарон аз номҳои дӯстони худ дар Telegram паёмҳо мегирифтанд, ки дар пайванд акси худро тамошо кунанд. Онҳое, ки ба ин паёмҳо бовар мекарданд ва ба пайванд ворид мешуданд, маълумоти шахсиашон ба дасти қаллобон меафтод.
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста