Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки барои рушди тиҷорат миёни ду кишвар бояд раводид пурра аз байн бардошта шавад.
Ӯ ин нуктаро рӯзи 19-уми ноябр дар дидор бо Самад Ҳасанзода, раиси Утоқи бозаргонии Эрон баён дошта, изҳори таасуф кардааст, ки лағви раводид танҳо парвози Теҳрон-Душанбе ва Душанбе-Теҳронро дарбар мегирад.
“Ба унвони мисол, ба лағви раводид парвозҳои Машҳад-Душанбе ё дигар шаҳрҳо шомил намешавад. Ин дар ҳолест, ки мо ба зудӣ парвози Шероз-Душанберо низ роҳандозӣ хоҳем кард”, - афзудааст Зоҳидӣ.
Ба бовари ӯ, лағви комили раводид ба беҳбуди гардишгарӣ ва рушди тиҷорат байни ду кишвар кӯмак хоҳад кард.
Сафири Тоҷикистон гуфтааст, “гарчанде ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон кам аст, аммо дар муқоиса бо гузашта пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе доштаем ва аз соли 2020 то ба ҳол ҳаҷми тиҷорат қариб 10 баробар афзоиш ёфтааст”.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ӯ, ин зарфият вуҷуд дорад, ки тиҷорати дуҷониба ба як миллиард доллар бирасад.
Дар ин мулоқот масоили дигаре чун имзои созишномаи имтиёзнок миёни ду кишвар ва кам кардани боҷи гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳои Эрон ба Тоҷикистонро низ баррасӣ шудааст.
Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 10-уми августи соли 2024 низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон барои 30 рӯз лағв шуд. Аммо дар марҳилаи аввали амалишавии низоми бераводид танҳо нафароне имкони сафар ба ду кишварро доранд, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки ҳайати вазирони Эрон ҳанӯз рӯзи 30-юми июн номаи тасвиби лағви раводид бо Тоҷикистонро имзо ва расонаӣ карда буданд. Бар асоси ин номаи тасвиб, Вазорати корҳои хориҷаи Эрон муваззаф шуда буд, ки муқаррароти лағви раводид миёни ҳукумати Эрон ва ҳукумати Тоҷикистонро иҷро кунад.
Эрон низоми раводидро бо дарназардошти чор шарт лағв карда буд:
- давомнокии будубош: 30 рӯз;
- намуди сафар: танҳо сафари ҳавоӣ;
- масир: аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс;
- шарти амали мутақобила: дар сурати амали мутақобилаи ҳукумати Тоҷикистон.
Дар ин мавод “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон” ба саволҳое, ки вобаста ба сафари бидуни раводид метавонад пайдо шавад, посух дарёфт карда метавонед.
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст?
Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2025
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста