Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён мулоқот карда, масъалаҳои амниятиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳанги миёни ду кишвар, ҳамчунин, мавзуи кӯмак ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Ин мулоқот имрӯз, 24-уми сентябр дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор гардид.
Ба навиштаи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардида, бештар дар масъалаҳое ба монанди густариши муносибатҳои тиҷорӣ, беҳтар кардани робитаҳои илмиву омӯзишӣ ва рушди робитаҳои фарҳангӣ гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, онҳо аҳамияти иҷрои Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар то соли 2030, ҳамкориҳои амалӣ дар чаҳорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти кумитаи муштараки сармоягузориро муҳим арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “ИСНО” аз мулоқоти Раҳмону Пизишкиён хабар дода, навиштааст, ки раисҷумҳури Эрон робитаҳои ду кишварро имтиёзнок ва дар такя ба пайвандҳои амиқи таърихӣ ва хешовандӣ тавсиф кардааст.
“Мо хоҳони тавсеа ва густариши робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо Тоҷикистон ҳастем”, - иброз доштааст Пизишкиён.
ИСНО навиштааст, ки дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи қадим ва фарҳангу тамаддуни Эрон ишора карда, гуфтааст, “мо худро бахше аз ин тамаддуни бузургу ғанӣ медонем ва бар хилофи бадхоҳон пешрафту мувафаққияти Эронро пешрафту мувафаққияти худ медонем”.
Тибқи иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар охири ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз Масъуд Пизишкиён даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон биёяд.
Ёдрас мешавем, ки ин дуввумин дидори сарони ду кишвар пас аз раисҷумҳури Эрон интихоб гардидани Масъуд Пизишкиён аст.
Дар вохӯрии қаблии онҳо дар Эрон Масъуди Пизишкиён дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз густариши ҳамкориҳо сухан карда, изҳор дошта буд, ки бояд талош намоем, марзҳои сиёсиро камранг ва муносибатҳоро пурранг кунем.
Ёдовар мешавем, ки баъди чандин соли сарди миёни ду кишвар, бо ба сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини Эрон дар моҳи августи соли 2021 гарм шудани равобит оғоз шуд. Дар соли 2021 гардиши мол то 120 миллион доллар афзоиш ёфта, дар соли 2022 сармоягузории Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 33 миллион долларро ташкил дод.
Моҳи ноябри соли 2023 зимни сафари Раисӣ ба Душанбе ёддошт дар бораи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид. Он аз 10 августи соли равон эътибор пайдо кард. Ҳамакнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни дарёфти раводид бо ҳамдигар дидор кунанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста