Шурӯъ, аз 10-уми августи соли равон низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон барои 30 рӯз бекор шуд. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон бидуни гирифтани раводид ба кишварҳои якдигар раванд ва то 30 рӯз онҷо монанд.
“Азия-Плюс” дар ин мавод ба саволҳое, ки вобаста ба сафари бидуни раводид метавонад пайдо шавад, посух дарёфт кард.
Низоми бидуни раводид аз кай оғоз шуд ва дар асоси кадом санад танзим мешавад?
Низоми бидуни раводид байни ду кишвар расман 10-уми августи соли 2024 оғоз шуд. Он дар асоси “Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ” танзим мегардад.
30 рӯз дар муддати 90 рӯз. Ин чӣ маъно дорад?
Дар санад гуфта шудааст, ки низоми бидуни раводид 30 рӯз давоми 90 рӯз амалӣ мешавад. Яъне шаҳрванди Тоҷикистон метавонад, ки давоми 90 рӯз танҳо 30 рӯз дар Эрон бошад. Яъне агар фаразан моҳи сентябр 15 рӯз ба Эрон рафтед, дар моҳи октябр ва ноябр метавонед 15 рӯзи дигар ба ин кишвар равед.
Агар давоми 90 рӯз хоҳед бештар аз 30 рӯз дар Эрон бошед, пас бояд раводид гиред.
Ҳоло маълум нест, ки раводидро дар худи Эрон тамдид карда мешавад ё на.
Шаҳрвандони Эрон ҳам метавонанд, ки бидуни раводид ба Тоҷикистон оянд?
Бале, шаҳрвандони Эрон ҳам метавонанд, ки бидуни гирифтани раводид дар муддати 90 рӯз 30 рӯз ба Тоҷикистон оянд. Яъне айнан чунин талабот барои шаҳрвандони Эрон зимни сафар ба Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Шаҳрвандони ду кишвар бо кадом масир ё роҳ бидуни раводид метавонанд, ки ба кишварҳои якдигар раванд?
Дар асоси ёддошти байни ду кишвар имзошуда, дар марҳилаи аввали амалишавии низоми бераводид танҳо нафароне имкони сафар ба ду кишварро доранд, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Дар оянда масири сафари бидуни раводид бештар мешавад ё не, ҳоло маълум нест.
Онҳое, ки мехоҳанд тавассути роҳи заминӣ ё транзит ба Эрон раванд бояд раводид гиранд?
Бале, онҳое, ки мехоҳанд тавассути транзит ё бо роҳи заминӣ ба Эрон раванд, бояд раводид гиранд ва барои онҳо низоми бидуни раводид амал намекунад.
Ҳамчунин, онҳое, ки мехоҳанд тавассути дигар масир, яъне будини масири Душанбе Теҳрон ва баръакс ба Эрон раванд ё ба Тоҷикистон оянд бояд раводид гиранд. Масалан, агар тавассути масири Душанбе-Машҳад, Хуҷанд-Машҳад ё баръакс ба кишварҳои якдигар сафар карданӣ бошед, раводид мегиред.
Бо кадом шиноснома бояд сафар кард ва муҳлати амали он бояд чанд вақт бошад?
Албатта, бояд шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон хориҷӣ- биометрӣ бошад ва он бояд аз рӯзи сафар то 6 моҳ муҳлати амал дошта бошад.
Шаҳрвандони ду кишвар бо кадом мақсадҳо метавонанд бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар кунанд?
Дар асоси ёддошти имзошуда, сафари бидуни раводид бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ, сайёҳӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофирон имконпазир аст. Аммо шаҳрвандони ду кишвар, ки барои таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва матбуотӣ мехоҳанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд, бояд раводид гиранд.
Ҳадафи лағви раводид байни ду кишвар чист?
Дар Ёддошти тафоҳум дар бораи лағви раводид, ки моҳи ноябр аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Иброҳим Раисӣ, собиқ президенти Эрон ба имзо расида, ҷузъиёти онро махзани ягонаи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр кард, гуфта мешавад, ки ҳадафи лағви раводид рушди муносибатҳои дӯстона миёни мардумони ду кишвар аст.
Ҳоло аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс дар як ҳафта чанд парвоз амалӣ мешавад?
Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст. Ду парвоз аз сӯи ширкати ҳавопаймоии эронии “Вориш” (рӯзҳои якшанбе ва панҷшанбе) ва як павроз аз сӯи ширкати тоҷикистонии “Сомон Эйр” (ҳар рӯзи душанбе парвоз мекунад – аз 19 уми август парвозҳоро оғоз мекунад) сурат мегирад. Парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс ва аз Душанбе ба Машҳад ва баръакс сурат мегиранд.
Нархи чиптаи ҳавопаймо аз Душанбе ба Теҳрон чанд аст?
Бинобар иттилои нуқтаҳои чиптафурӯшии Тоҷикистон, нархи билети хатсайри Душанбе-Теҳрон тавассути ҳавопаймои “Сомон Эйр” 1750 сомонӣ дар як самт ва тавассути ҳавопаймои эронии “Вориш” аз 2250 то 2450 сомонӣ дар як самт мебошад.
Ҳоло талабот чӣ гуна аст?
Аз нуқтаҳои чиптафурӯшии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло талабот барои харидории чипта ба масири Душанбе –Теҳрон камтар аст. Ин шояд ба он рабт дорад, ки ҳоло нав низоми бидуни раводид амалӣ шуд ва аксаран намедонанд, ки дар куҷо раводид ба даст оранд.
Дар ҳолати зарурӣ, раводиди Эронро дар куҷо метавон ба даст овард?
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё онҳое, ки дар Тоҷикистон қарор доранду азми сафар ба Эронро доранд, барои дарёфти раводид метавонанд, ки ба сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон (қароргоҳаш дар Душанбе) муроҷиат мекунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистӣон ё онҳое, ки дар Эрон қарор доранду мехоҳанд, ки ба Тоҷикистон биёянд, барои дарёфти раводид метавонанд, ба Сафорати Тоҷикистон дар Эрон муроҷиат кунанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо кадом мақсадҳо ба Эрон мераванд?
Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат, таҳсил ва гардишгарии фарҳангӣ ба Эрон мераванд.
В Таджикистане ожидаются сильные дожди и мокрый снег
В России запустили единый консультационный номер для граждан Таджикистана
Трамп собрался депортировать миллионы мигрантов. Какие слухи ходят среди таджиков в США?
Власти Афганистана заявили о замене посевов опийного мака на полезные культуры
Таджикистанец Нурулло Алиев получил свой второй бой в UFC
В России правила аренды жилья мигрантами хотят ужесточить
Эмомали Рахмон призвал предотвратить затяжной конфликт на Ближнем Востоке
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 ноября 2024 года
Акаев назвал стоимость «тюльпановой революции» в Кыргызстане
Они виновны лишь в том, что лают. В Душанбинском приюте собак травят в третий раз, но отравитель не наказан
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста