Эмомалӣ Раҳмон пас аз пазироии расмӣ, дар дидораш бо Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон гуфтааст пас аз интихоб шудани шумо ба унвони раисҷумҳури Эрон таҳким ва давом додани муносибатҳои ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон хости сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора "Ирно" хабар медиҳад.
Раисӣ дар ин мулоқот гуфтааст, ки пас аз ҳузури Эрон иҷлоси Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе гомҳои хубе барои бозбинии равобити Теҳрону Душанбе бардошта шуд.
Бино ба гузориши "Ирно" дар нишастҳои ҳайатҳои олирутба аз афзоbши ҳаҷми тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ситоиш шудааст.
Раисӣ бо ишора ба афзоши 4 баробари гардиши тиҷорfтиву моло колои Эрону Тоҷикистон гуфтааст, ки равобити дуҷонибаро метавонем ба равобити хуби минтақаӣ ва байналмилалӣ табдил кунем.
Раисӣ дар нишасти хабарии муштарак ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки "аз ин ки давъати Ҷумҳурии исломиро қабул карданд ва имрӯз дар Эрон ҳастанд ва заминаи тасмимгирии хуберо барои равобити ду кишвар фароҳам карданд, ташаккур мекунам".
Ба гузориши Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, "ҷонибҳо зимни мулоқоту музокирот густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари “гурӯҳҳои дӯстӣ”, ҳамкориҳои фарогирро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, дар арсаҳои фарҳанг, маориф ва илм ва амният ҳамчун омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд".
Ҷонибҳо дар доираи равобити тиҷоратию иқтисодӣ Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030-ро роҳандозӣ кунанд.
Баргузор кардани намоишгоҳҳои ихтисосии маҳсулот ва ҳамоишҳои соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкориҳои густурда байни шаҳракҳои саноатии ду кишвар низ аз ҷумлаи тавофуқоти муҳими ин нишаст гуфта шудааст.
Эрон дар бахши рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, истифодаи босамар аз имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббосро ҳамчун василаи муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номидааст.
Зимни баррасии масъалаҳои соҳаи амниятӣ рушди ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ тақозои замон дониста шуд, овардааст Хадаматои матбуоти президенти Тоҷикистон.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста