Маргаритис Шинас ноиби раиси Комиссияи Аврупо, ки сиёсати Иттиҳоди Аврупоро оид ба пешбурди тарзи ҳаёти аврупоӣ роҳбарӣ мекунад, 16-уми январи соли 2024 ба Тоҷикистон омад. Ин сафар дар доираи сафари ӯ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Дар ҷараёни ин сафар ӯ ба чанд саволи ОИ «Азия-Плюс» оид ба стратегияи Глобалии Иттиҳоди Аврупо, саҳм дар соҳаи маориф дар Тоҷикистон ва арзишҳои муштарак посух гуфт.
- Ҷаноби Маргаритис Схинас шумо, ки сиёсати Иттиҳоди Аврупоро оид ба пешбурди тарзи ҳаёти аврупоӣ роҳбарӣ мекунед, зимни сафар ба Тоҷикистон ба кадом масоил таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардед?
- Сафари ман ба Тоҷикистон як қисми боздиди васеътар ба тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имкони муҳим барои мубодилаи афкор оид ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон буд. Боздиди ман инчунин як нишонаи дидгоҳ ва ӯҳдадориҳои Иттиҳоди Аврупо барои роҳандозии шарикии амиқтар бо Тоҷикистон аст. Тоҷикистон шарики калидии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ аст ва мо тасмим дорем ҳамкориҳои қавии худро дар бахшҳои афзалиятнок, аз қабили иқтисоди сабз ва рақамӣ, рушди инсонӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ идома диҳем.
Дар давоми сафар ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар ба иртиботот дар заминаи стратегияи Глобалии Иттиҳоди Аврупо "Global Gateway" дода шуд. Аз ҷумла, мо ба нақлиёт, рақамикунонӣ ва иртиботи "об-барқ" таваҷҷуҳ зоҳир кардем. Дар масъалаи нақлиёт мо Форуми дарпешистодаи сармоягузорон оид ба алоқаи нақлиётии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро, ки рӯзҳои 29-30 январ баргузор мешавад, баррасӣ кардем, ки он раванди татбиқ ва ҳамоҳангсозии сармоягузориҳо дар долони нақлиётии Транскаспӣ оғоз мекунад.
Дар масъалаи рақамикунонӣ мо имкониятҳои ҳамкории зичтарро дар робита бо пайвасти моҳвораӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо мақсади суръат бахшидан ба трансформатсияи рақамии кишвар омӯхтаем. Чунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ташаббуси минтақавии мо "Team Europe" оид ба пайвастшавии рақамӣ сурат мегирад. Дар мавриди иртиботи "об-барқ" мо ислоҳоти ҷории бахшҳои энергетика ва об ва ҳамчунин лоиҳаҳои афзалиятнок, аз қабили нерӯгоҳи барқи обии Роғунро баррасӣ кардем.
Иттиҳоди Аврупо барои ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон 95 миллион евро сармоягузорӣ кардааст
- Оё зимни ин сафар таҳсили ҷавонони тоҷик дар Аврупо низ баррасӣ шуд? Иттиҳоди Аврупо дар ин самт ба донишомӯзони тоҷик чӣ имкониятҳои нав пешниҳод мекунад?
- Соҳаи маориф бахши афзалиятноки ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мебошад. Иттиҳоди Аврупо дар давоми ҳафт соли охир Ҳукумати Тоҷикистонро дар ислоҳоти соҳаи маориф фаъолона дастгирӣ намуда, беш аз 95 миллион евро сармоягузорӣ кардааст. Маблағҳо барои лоиҳаҳое, ки ба Тоҷикистон барои дастгирии таҷдиди системаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ бо мақсади таъмини таҳсилоти босифат ва муҷаҳҳаз намудани писарону духтарони Тоҷикистон бо дониш, малака ва маҳорате, ки барои шомил шудан ба бозори меҳнат ҳамчун шахрвандҳои фаъол мусоидат мекунанд, ҷудо карда шудааст.
Донишҷӯёни тоҷик низ дар барномаи Erasmus+, ки барномаи асосии Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии маориф, омӯзиш, ҷавонон ва варзиш дар Аврупо ва дар саросари ҷаҳон мебошад, иштирок мекунанд. Барнома ва пешгузаштагони он барои Тоҷикистон аз соли 2004 кушода шудааст ва ман аз дидани таваҷҷӯҳи зиёди ҷониби Тоҷикистон хушҳолам. Танҳо дар даври охирини барнома (2015-2020) 17 лоиҳаи донишгоҳҳо амалӣ карда шуд, 278 нафар кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон аз сафарҳои кӯтоҳмуддат баҳра бурданд ва 26 ҷавони тоҷик бо стипендияи пурра барои барномаҳои магистрӣ сарфароз гардидаанд. Ман бо хушҳолӣ эълон мекунам, ки Офиси миллии Erasmus+ дар ҳоли ифтитоҳи такрорӣ қарор дорад ва донишҷӯён ва донишгоҳҳои Тоҷикистон метавонанд дар бораи имкониятҳои ин барнома маълумоти дасти аввал бигиранд.
Арзишҳое, ки Тоҷикистону Аврупоро муттаҳид мекунанд
- Тарзи ҳаёти аврупоӣ ва зиндагии суннатии Тоҷикистонро то кадом ҳад метавон ба ҳам наздик кард ва барои ин чӣ бояд намуд?
- Дар меҳвари тарзи ҳаёти аврупоӣ арзишҳои демократия, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун қарор доранд. Ин арзишҳои умумибашарӣ мебошанд, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки ба наздикӣ 75-солагии худро таҷлил кард, сабт шудаанд. Системаи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон ба ҳар як фарди ҳар як кишвар тааллуқ дорад ва аз ин рӯ, мо омодаем, ки бо кишварҳои шарик дар саросари ҷаҳон, ба мисли Тоҷикистон, барои пешбурди арзишҳои умумии ҳуқуқи инсон, демократия, волоияти қонун, таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ҳамкорӣ кунем.
Мо ба тарзи зиндагонии тоҷикон ва анъанаҳои он эҳтироми беандоза дорем ва бовар дорем, ки Аврупо ва Тоҷикистон арзишҳои зиёде доранд – чизи бештаре, ки моро муттаҳид мекунад, на аз ҳам ҷудо мекунад. Тавассути ҳамкориҳои бештар мо метавонем мардуми худро ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар кунем ва ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътирофи арзишҳоро таҳким бахшем.