Имрӯз 23‑юми август сафари давлатии дурӯзаи раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Ӯро шахсан Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гусел кард. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷумҳур хабар дод.
Дар рӯзи дуюми сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, Токаев як бо Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и шаҳри Душанбе баргузор гашт, иштирок кард.
Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла полезиҳо, меваҷот ва сабзавоти тару тоза, маҳсулоти нонӣ ва навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ба маъраз гузошта шудааст.
“Дар маркази хизматрасонии “Дунёи ош” Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо таомҳои миллӣ, ба мисли намудҳои мухталифи ош, ки аз ҷониби ошпазҳо бо санъати баланд омода карда шуда буд, шинос шуданд”, ‑ омадааст дар хабар.

Мулоқоти Токаев бо Расулзода ва Зокирзода
Ҳамчунин, дар идомаи сафари давлатӣ Қосим-Жомарт Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо Қоҳҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон мулоқот анҷом дод ва масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Ба навишти манбаъ дар ин вохӯрӣ таъкид гардидааст, ки Қазоқистон барои Тоҷикистон яке аз кишварҳои шарики стратегӣ дар минтақа аст. Мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2023 беш аз 1 миллиард долларро ташкил мекунад ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки дар оянда ин ададро ба 2 миллиард доллар мерасонанд.
Айни замон дар Тоҷикистон қариб 80 корхонаи муштарак бо Қазоқистон фаъолият мекунад.
Дар маҷмуъ байни Тоҷикистону Қазоқистон беш аз 150 санади ҳамкорӣ мавҷуд аст.
Ҳамчунин Қосим-Жомарт Токаев, расиҷумҳури Қазоқистон бо Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ мулоқот намуд.
Ба иттилои манбаъ дар вохӯрӣ таъкид шудааст, ки байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси парлумони Қазоқистон дар сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ, ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудааст.
Баъди нисфирӯзии 23 – юми август сафари давлатии Қосим-Жомарт Токаев, расиҷумҳури Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Эмомалӣ Раҳмон шахсан ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт гусел кард.
Ёдовар мешавем, ки Қосим-Жомарт Токаев, расиҷумҳури Қазоқистон рӯзҳои 22 – 23 –юми август бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии сарони ду кишвар байни ду давлат 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Муҳимтарин созишномае, ки ба имзо расид “Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” мебошад.





Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста