Имрӯз, 20-уми декабр дар Душанбе Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) анҷумани навбатии Х1Х-уми худро баргузор намуда, 5 аъзои худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии соли 2025 пешниҳод кард. Раиси ҲДТ ҳамчунин, аз “ба гурӯҳҳо тақсим шудани ҳизб” нигаронӣ кард.
Дар анҷуман, фаъолияти ҳизб пас аз интихоби раиси нав баррасӣ гардида, ин номзадҳо ба вакилӣ пешниҳод шуданд:
- Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ;
- Солеҳов Фатҳудддин, раиси ҲДТ дар Душанбе;
- Зуҳро Мирзоева, муовини раиси ҲДТ;
- Ҷаббор Юлдошев, раиси ҲДТ дар Суғд;
- Илёсиддин Саидҷаҳфаров, раиси ҲДТ дар минтақаи Рашт.
Шаҳбози Аброр зимни суханрониаш гуфт, “марҳалаи ба гурӯҳҳо тақсим шудани ҳизб ва парокандагӣ дар сафҳои он метавонист ҲДТ-ро чун як сохтори сиёсӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар берун кунад”.
“Вале бархе аз нерӯҳои нав, ки дар дохили ҳизб пайдо шуда буд, дар ҳамроҳӣ бо собиқадорони асил ва аъзои фаъол тавонистанд бо ташкил ва зинда гардондани сохторҳои роҳбарикунанда мавҷудияти ҳизбро ҳифз кунанд”, - таъкид кард раиси кунунии ҳизб.
Нигаронии раиси нави ҲДТ аз ба гурӯҳҳои тақсим шудани ҳизб дар ҳолест, ки ин ин созмони сиёсӣ дар моҳи майи соли равон шоҳиди як тағйироти ҷиддии дохилӣ шуд. Гурӯҳе худро ҳамчун узви ҲДТ эълон карда, Саидҷаъфар Усмонзода роҳбари он ва вакили парлумонро барканор ва Шаҳбози Аброр, рӯзноманигори ҷавонро раис интихоб карданд.
Саидҷаъфар Усмонзода ин тағйиротро ғайриқонунӣ хонда, ба Вазорати адлия барои ҳалли масъала муроҷиат карда буд. Вале ин ниҳод номзадии Шаҳбози Аброрро ҳамчун раиси ҲДТ тасдиқ кард.
Баъди чанд рӯз Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамчунин вакили парлумон аз ҲДТ буд, аз сӯи Додситонии кулли Тоҷикистон барои талоши табаддулот ва ғасби қудрат боздошт гардид. Баъдан Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини аввали ӯ дар ҳизб ва чанде аз дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ низ дастгир шуданд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз ҲДТ, инчунин ҲХДТ номи 28 номзади худ барои ширкат дар интихоботро эълон кард.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста