Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 апрел барои ширкат дар нишасти сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” ба Ӯзбекистон меравад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нишаст дар Самарқанд таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, намояндагони вломақоми Иттиҳоди Аврупо ва сарони кишварҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Туркманистон доир мегардад.
Гуфта мешавад, дар ҳошияи ҳамоиш, ки таҳти шиори «Сармоягузорӣ ба оянда» баргузор мегардад, ҳамчунин як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Қаблан ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон муҳтавои аввалин нишаст дар таърихи “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро муаррифӣ кард.
Дар он иштироки роҳбари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар назар аст.
Дар ин нишаст ҳамчунин аз иштироки роҳбарони Бонки аврупоиии таҷдиду рушд ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ низ интизорӣ меравад.
Дар назар аст, ки зимни нишаст намояндагони Иттиҳоди Аврупо манфиатдории худро ба густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тасдиқ менамоянд, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду амният ва энергетика.
Қаблан президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нишасти мазкурро «воқеъан таърихӣ» номида, изҳор дошт, ки аввалин маротиба роҳбарони кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди АВрупо дар як ҷо гирдиҳам меоянд.
Сарвари давлати Ӯзбекистон зикр кард, ки нишаст ба марҳилаи муҳими рушд дар муносибатҳои байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табдил хоҳад шуд ва илова намудааст, ки дар солҳои ахир ин ҳамкориҳо ба сатҳи сифатан нав расидааст.
«Умедворем, ки гуфтушуниди сиёсӣ амиқтар шуда, механизмҳои нави ҳамкориҳои мо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат ва доимӣ таҳия хоҳад шуд», — изҳор дошт президенти кишвар.
Ба гуфтаи президенти Ӯзбекистон, яке аз натиҷаҳои калидии нишаст бояд имзои Эъломияи Самарқанд бошад, ки хоҳиши умумии тарафҳоро барои муқаррар намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ инъикос мекунад.
Дар идома сиёсатмадор маълумоти оморӣ овард,, ки мувофиқи он тайи 7 соли ахир гардиши молу маҳсулот байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 4 баробар афзуда, то нишондиҳандаи 54 млрд евро расидааст.
Тайи солҳои ахир муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар сатҳи олӣ густариш ёфтанд. Моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон ва моҳи июни соли 2023 дар Қирғизистон ду вохӯрии роҳбарон баргузор шуд.
Ғайр аз ин, як қатор вохӯрии вазирон, аз ҷумла охиринаш соли 2023 дар Люксембург доир гардид, ки дар он харитаи роҳи муштарак оид ба густариши робитаҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мувофиқа шуд.
Рӯзи 4 марти соли 2025 дар Ашқобод (Туркманистон) вохӯрии 20-уми вазирони Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ оид ба омодагӣ ба нишаст доир гардид.
Соли 2019 Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ стратегияи нав қабул кард. Дар он аҳаммияти афзояндаи минтақа барои манфиатҳои Иттиҳод таъкид шуда, он ба тағйироти мусбат дар ҳамкории минтақавӣ тайи солҳои ахир асос ёфтааст.
Иттиҳоди Аврупо шарики бузургтарини савдо, инчунин сармоягузори бузурги минтақа маҳсуб меёбад, ки зиёда аз 40%-и тамоми сармоягузориҳо ба Осиёи Марказӣ ба ҳиссаи он рост меояд.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста