Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 18-уми декабр, бо сафари расмӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон рафт. Ӯ дар он ҷо дар аввалин Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ширкат хоҳад кард.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, нақлиёт, саноат, маориф, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон менависад, ки Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” рӯзҳои 19-20 декабр баргузор мешавад. Дар ҷараёни кори нишаст сарони кишварҳо атрофи масоили мусоидат ба рушди мустақил ва устувори минтақа табодули назар намуда, рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Дар доираи нишаст ҳамчунин форуми тиҷоратӣ баргузор мегардад.
Ғайр аз ин, вохӯриву гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарвазири Ҷопон Санаэ Такаити бо сарони кишварҳои минатқа ба нақша гирифта шудааст.
Дар кори нишаст иштироки сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.
Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муддати ду даҳсола аллакай дар шакли муколамаи “Осиёи Марказӣ - Ҷопон” дар сатҳи вазирон ҳамкории мутақобила ба роҳ мондаанд. Нишасти қарибулвуқӯъ вохӯрии аввалини сарони ин кишварҳо маҳсуб меёбад.
Васоити ахбори умум зикр мекунанд, ки Санаэ Такаити нишастро ба сифати густариши ҳамкорӣ ва беҳбуди амнияти иқтисодӣ баррасӣ мекунад.
Баргузории нишасти “Осиёи Марказӣ - Ҷопон” моҳи августи соли 2024 дар Қазоқистон пешбинӣ шуда буд. Аммо бо сабаби эҳтимоли заминларзаи шадид дар Ҷопон пеш аз чорабинӣ ҳайати ин кишвар аз сафар даст кашид.
Қолаби C5+1 муколама байни 5 икшвари минтақаи Осиёи Мароказӣ (С5) ва 1 шарики хориҷӣ аст. Чунин қолаб барои баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ - аз соҳаи иқтисоду тиҷорат то амният ва рушди минтақавӣ истифода мешавад. Дар чунин қолаб минтақа бо кишварҳое мисли Чин, Амрико, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Русия низ ҳамоишҳо баргузор кардааст.





Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста