Бо пешниҳоди раиси падлатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард, «иҷлосияи қабули қонунҳои босифат» эълон шуд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи нахустини пас аз таътил Зуҳров қайд кард, ки дар ҷараёни иҷлосияи мазкур, ки то 30-юми июни соли оянда идома меёбад, намояндагони мардумӣ ба қонунҳои қабулмешуда таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда, мутобиқати онҳо ба меъёрҳои байнулмилалиро тақозо хоҳанд намуд.
Дар идома раиси палатаи поёнии парлумон таъкид кард, ки айни замон дар парлумон беш аз 40 лоиҳаҳои қонунҳо барои баррасӣ қарор дорад. «Дар сурати зарурат ман пешниҳод мекунам, ки ташхисҳои илмиву иқтисодӣ, зиддикоррупсионӣ ва забонии ин лоиҳаҳои қонунҳо доир карда шавад», - гуфт ӯ.
Зуҳуров зикр кард, ки ба вакилони парлумон зарур аст, ба қабули як силсила лоиҳаи қонунҳо дар бораи энергетика, молия, андоз ва иқисод таваҷҷӯҳи бештар зоҳир созанд. Дар ҳамин ҳол, Зуҳуров қайд кард, ки дар муддати идомаи иҷлосия намояндагони мардумӣ бояд бо интихобкунандагони худ доимо дар тамос бошанд, то ки аз мушкилоту пешниҳодоти онҳо огаҳӣ дошта бошанд.
Рӯзномаи ҷаласаи кунунӣ аз 16 масоил иборат аст. Миёни онҳо масоили ворид сохтани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ дар бораи буҷети давлатии соли 2011, реклама, мақомоти милиса ва тасдиқсозии як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ҷой доранд.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026
Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста