Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи тағйироти нав ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро ирсол намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мутобиқи ин тағйирот, озод кардани ҶДММ «Зерновая компания»-и Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти технологияи нави коркарди зироати ғалладона тибқи қарордод бо шарики хориҷиаш пешбинӣ мегардад. Аммо вакил аз пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи ширкат ва шарики он худдорӣ варзид.
Ба қавли Талбаков, ҳукумат ҳамчунин дархост кардааст, ки 15% аз воситаҳои махсуси аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба қисми даромади буҷет воридшавандаро ба эҳтиёҷоти худӣ истифода намояд. «Аммо то ҳанӯз маълум нест, ки дар сурати пазируфта шудани ин тағйирот, буҷет чӣ қадар маблағро аз даст медиҳад», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми апрел парлумони ҷумҳурӣ бо дархости ҳукумат ширкати муштараки Тоҷикистону Чин «Хуаксин Гаюр семент»-ро зимни воридоти таҷҳизот, масолеҳи сохтмон ва дигар маҳсулоти зарурӣ барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста