Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз таъиноти кадрӣ дар ҳайати ҳукуматро, ки аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳод шуда буд, ҷонибдорӣ намуд.

Вакилони палумон таъини Зафар Азимиро ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бидуни баррасӣ ва якдилона дастгирӣ карданд. З.Азимӣ зодаи ноҳияи Ҳисор, номзади илмҳои иқтисод буда, қаблан ба яке аз раёсати Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард.

Ҳамчунин пешниҳоди президент дар бораи ба вазифаи Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи кӯдакон - муовини Омбудсмени Тоҷикистон таъин шудани Раҷабмоҳ Бадриддинова низ  бидуни баррасӣ ва якдилона дастгирӣ ёфт. То таъин шудан ба ин мансаб Р.Бадриддинова дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ фаъолият мекард.

Дар иҷлосияи парлумон шахсони ба вазифаҳои нав таъиншуда дар садоқат ба Ватан ва қарзи касбӣ савганд ёд карданд.