Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Чин дар остонаи сафари давлатии сарвари далати Чин ба Тоҷикистон дар мусоҳибаву мақолаи хеш доир ба муносибатҳои ҷорӣ ва таърихи равобити ду кишвар андешаҳояшонро баён кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо “Синхуа” аз “намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ” ва Си Ҷинпин дар мақолааш, ки АМИТ “Ховар” нашр кард, аз “ояндаи дурахшон”-у “сарнавишти ягона”-и ду кишвар гуфтааст.
Зимни мусоҳибаи худ ба хабаргузории давлатии “Синхуа”-и Чин Эмомалӣ Раҳмон оид ба равобит ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, ҳадафҳо ва афзалиятҳои ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, мавқеи Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар самтҳои равобити дуҷониба суҳбат карда, муносибатҳои ду кишварро “намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ” арзёбӣ кардааст.
“Мардумони тоҷику чинӣ дар давоми асрҳои зиёд ҳамсояи вафодор будани худро борҳо исбот кардаанд. Аз ин рӯ, мо, ворисони ин дӯстии бузургро зарур аст, ки ин анъанаи некро идома дода, онро ба наслҳои оянда мерос гузорем”, - таъкид кардааст Раҳмон.
Раҳмон иброз доштааст, ки тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин дар ҳама бахшҳо аз сиёсӣ то фарҳангиву гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Раҳмон дар мусоҳибааш инчунин гуфтааст, ки ҳеҷ кишваре наметавонад танҳо ва бе дастгирии шарикону ҳамсояҳо рушд кунад.
Дар навбати худ, Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар мақолааш “Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон”, ки онро “Ховар” нашр кардааст, аз дустии ду кишвар дар тули таърих ёдовар шуда гуфтааст, ки “Чин ва Тоҷикистон асрҳо боз ҳамсоя буда, сарнавишти ягона доранд ва Роҳи бузурги Абрешим дар муддати беш аз ду ҳазор сол аз ин шаҳодат медиҳад”.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Чин, барои рушди ду кишвар таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва бунёди садди амниятӣ низ муҳим аст. “Ҷонибҳо бояд якҷо консепсияҳои ягона, маҷмуӣ, муштарак ва мустаҳками амниятиро дар ҳаёт татбиқ созанд, табодулро тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус таҳким бахшанд, бо «се қувваи бадӣ», аз ҷумла Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ қатъиян мубориза баранд ва ба воридшавию иғвоангезии террористон ва экстремистон муқовимат намоянд”, - изҳор доштааст ӯ.
Раиси ҷумҳури Чин дар идома таъкид кардаст, ки Чин ва Тоҷикистон дар марҳилаи рушди босуръат ва эҳёи миллӣ қарор доранд. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки дар ҷараёни сафараш бо Тоҷикистон барои ба қуллаҳои нав баровардани муносибати ду кишвар бо Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои нав таҳррезӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки ин ду раиси ҷумҳур бо расонаҳо кам суҳбат мекунанд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир танҳо ба чанд расонаҳои хориҷӣ мусоҳиба дода, аз суҳбат бо расонаҳои миллии Тоҷикистон парҳез кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин шаби 4-уми июл аз Остона ба Душанбе омад. Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт.
Ба иттилои расмӣ, сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон то 6-уми июл давом мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, роҳбари Чин ба ғайр аз мулоқот бо мақомдорони баландпоя дар чорабиниҳои расмӣ ширкат мекунад. Аммо мақомот аз ин чорабиниҳо ном набурданд. Танҳо тахмин меравад, ки Си Ҷинпин дар маросими ифтитоҳи бинои нави ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин ду бино бо маблағи Чин сохта шудаанд.
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста