Санаи 12-уми декабри соли равон кормандони минтақаи гумрукии фурудгоҳи шаҳри Душанбе чусту чолокӣ ва таҷрибаи баланди кории худро нишон дода, боз як ҷинояти интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷиро пешгирӣ намуданд.

Бино ба итттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар рафти гузаронидани муоинаи гумрукӣ дар рафтор ва ҳаракатҳои мусофир Собиров Амирҷон, ки ба хатсайри Душанбе-Урумчи парвоз мекард, амалҳои шубҳанок мушоҳида шуда, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтани ӯ гардид.

Гуфта мешавад, дар натиҷа муайян гашт, ки номбурда мехост миқдори калони асъори хориҷии ИМА-ро,ки 172 ҳазору ,987 доллари амрикоиро ташкил медод, ғайриқонунӣ интиқол диҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.