Маҳбуси фирорӣ аз зиндони Қӯрғонтеппа ҳамсараш ва хоҳари ӯро куштанӣ буд.
Тавре» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс дар ин робита иттилоъ дод, маҳбус Баҳрулло Шарифов, ки рӯз 4 июл аз муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа гурехта буд, иқрор шудааст, ки бо мақсади куштани ҳамсараш ва хоҳарӣ ӯ аз зиндон фирор кардааст.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, нисбат ба маҳбуси фирорӣ прокуратура мутобиқи моддаҳои 244 (Дуздӣ) ва 365 (Гурехтан аз муассисаҳои ислоҳӣ ё аз ҳабс)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, нисбат ба кормандони муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла сардори муассиса низ парвандаҳо боз шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 июл як маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа, маҳкумшуда ба 23 соли зиндон барои одамкушӣ бо истифода аз автомашинаи сардори муассиса рӯ ба гурез ниҳод. Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо намуда, соли 2005 барои ғоратгарӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, соли 2014 мавриди афв қарор гирифта буд.




Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд
Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад
Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назирбибиро меҷӯяд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2025
Ҳамдардии сокинони Остонаву Бишкек дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев
Амрико барномаи “Green Card”-ро муваққатан боздошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста