Аз 20-ум то 22-юми декабр дар дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, боридани борону барфи пуршиддат пешгӯӣ мешаванд. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода, аз эҳтимоли фаромадани тормеғ ва яхбандии роҳҳо дар чанд рӯзи оянда иттилоъ додааст.
Ин ниҳод навиштааст, ки дар ин рӯзҳо дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон боридани борону барфи дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳӣ, инчунин дар вилояти Суғд барф меборад.
“Рӯзи 20-уми декабр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд боришоти бошиддат пешгӯӣ мешавад. Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ тормеғ фаромада, бадшавии дурии биниш то 300 метр дар назар аст”, - гуфтааст Оҷонсии ҳавошиносии кишвар.
Ин ниҳод гуфтааст, дар пайи боришоти бошиддати барф, дар шоҳроҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо қабати ғафси барф ва яхбандӣ ба вуҷуд омада, “дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ ва мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб хатари фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки зимистони солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешин гармтар омад. Бо гузашти як моҳ аз фасли зимистон то ҳол дар кишвар, махсусан дар Душанбе барф наборидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста