Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон малакаҳои дифоъ аз ҳамлаи гурӯҳҳои эҳтимолии тахрибгари иктишофиро ба иншооти ҳарбӣ дар Тоҷикистон машқ карданд.
Тавре хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, зимни машқҳо дар Тоҷикистон дастаҳои дивизиони низоми мушакии С-300 ҳамлаи ҳавоии рақибро бартараф карданд.
Мувофиқи фарзияи машқҳо, мутахассисони дифои зиддиҳавоӣ 9-уми январ наздикшавии ҳавопаймо ва мушакҳои болдори душмани эҳтимолиро ошкор карданд.
“Дастаҳои ҷангӣ аз бонги хатар ҳозир шуда, воситаҳои ҳамлаи ҳавоиро пайгирӣ карданд. Сипас хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201 беш аз 20 партоби электронӣ анҷом дода, гурӯҳи авиатсионии душмани эҳтимолиро муваффақона нобуд карданд”, - қайд мешавад дар маълумот.
Ба ғайр аз ин, ҳангоми тамринҳо меъёрҳои мушакгузории дубораи низомҳои С-300 иҷро шуда, воҳидҳои посбонӣ ва муҳофизат тарзу усули дифоъ аз ҳамлаи гурӯҳҳои тахрибкору иктишофиро ба мавқеъҳои ҷангӣ омӯхтаву дар амал санҷиданд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо низомҳои мушакии дифои ҳавоии С-300ПС мусаллаҳ гардид. Техника ба қаламрави кишвар тариқи роҳи оҳан интиқол дода шуд.
Ҳайати дивизион фарогири қариб 30 адад техника, аз ҷумла, нуқтаи фармондеҳӣ, дастгоҳҳои партоби мушак, муайянсозӣ ва пайгирии ҳадаф, ҳамчунин мошинҳои таъмини фаъолияти низом аст.
Низомиёни Русия он замон изҳор дошта буданд, ки вазифаи асосии дивизион таъмини ҳимояи иншооти пойгоҳи низомии 201 аз воситаҳои ҳамлаи фазоӣ ва кайҳонӣ, ҳамчунин дифои зиддиҳавоии амнияти дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу қаблан изҳор дошта буд, ки низоми мушакии С-300 пас аз анҷоми таълими мутахассисони тоҷик, баъд аз ду сол ба ихтиёри Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дода мешавад.
С-300 низоми мушакиест, ки ба нобуд кардани ҳавопаймоҳои муосир, аз ҷумла, бо технологияи “стелс” сохташуда, мушакҳои баллистикии миёнамасофа, мушакҳои оперативӣ-тактикӣ ва тактикӣ, ҳамчунин ҳавопаймоҳои бозрасии радиолокатсионӣ, ҳадафгирӣ ва маҷмааҳои иктишофӣ-зарбазанӣ қодир аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста