Имрӯз Тоҷикистону Қирғизистон даври навбатии гуфтушунидҳо оид ба қитъаҳои баҳсноки сарҳадро оғоз мекунанд. Баргузории вохӯрӣ аз 10 то 16 март дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба ТАСС аз хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додаанд.
“Ҳайати ҳукумати Қирғизистон аз 10 то 16 марти соли 2023 бо ҳамтоҳои худ дар Душанбе вохӯрда, масъалаи таъйин ва аломатгузории қитъаҳои умумии сарҳади давлатӣ байни кишварҳоро баррасӣ мекунад”, - гуфтааст намояндаи ҳукумат.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати гурӯҳи кории Қирғизистон дар вохӯрии мазкур таҳти сарварии намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масоили марзӣ Назирбек Борубаев 15 нафар шомиланд.
Ахиран ин вохӯрии ҳаштуми ҷонибҳо оид ба баррасии қитъаҳои баҳсноки сарҳад мебошад.
Қаблан Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки дар соли 2022 дар доираи кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои корӣ бо бо намояндагони Қирғизистон 7 ҷаласа баргузор намуданд.
“Аз ҳама муҳимаш байни ҷонибҳо ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад”, - зикр кард ӯ зимни нишасти матбуотии рӯзи 15 феврал.
Бо ишора ба тавофуқи дуҷониба дар бораи ифшо накардани маълумот то анҷоми гуфтушунидҳо, ӯ аз натиҷаҳои ин ҷаласаҳо маълумот надода, танҳо зикр кард, ки имсол ҳам кор давом дода мешавад.
Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 3 то 9 феврал дар Бишкек баргузор гардид. Аз натиҷаи вохӯрӣ протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Моҳи декабри соли 2022 пас аз вохӯрии ҳайатҳо дар Ботканд зикр шуд, ки ҷонибҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябри соли 2022 вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғзистон бори дигар шиддат гирифт: ҷонибҳо ҳамдигарро ба ташаннуҷи вазъ айбдор намуда, дар бораи мавриди тирпаронӣ қарор гирифтани деҳаҳои наздимарзӣ хабар доданд.
Аз 14 то 16 сентябр маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки вилоятҳо Ботканд ва Оши Қирғизистон мавриди оташ қарор гирифтанд.
Бар асари ин даргириҳо аз ҳар ду тараф зиёда аз 100 нафар куштаву даҳҳо нафар захмӣ гардида, манзил ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздисарҳадӣ тахриб шуданд.
Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста