Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пагоҳ, 12-уми март, бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Қирғизистон меравад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин сафар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ мешаванд.
Ин ниҳод афзудааст, ки дар поёни ин сафар раиси ҷумҳурҳои Тоҷикистону Қирғизистон як қатор санадҳои ҳамкориро имзо хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “24.kg” навиштааст, ки дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон созишнома оид ба марз ба имзо мерасад.
“Ҳангоми сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон созишнома байни кишварҳо оид ба марзи давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо мерасад”,- навиштааст ин расона бо такя ба Муратбек Азимбоқиев, сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон.
Тибқи иттилои ӯ, интизор меравад дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Жапаров, президенти Қирғизистон, Нурланбек Турғунбек, раиси Жогорку Кенеш (парлумолни Қирғизистон) ва Одилбек Қосималиев, раиси девони вазирони ин кишвар мулоқот кунад.
Ҳамчунин, изҳороти муштараки раиси ҷумҳурҳои ду кишвар пахш мегардад.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 21-уми феврали соли равон Саймумин Ятимов ва Қамачибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии таъини хати марзи ду кишарро имзо карданд.
Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифордаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.
Аммо ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти он изҳори назар накардааст.
Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳо гардида, даҳҳо нафар низ кушта шуданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста