Коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти кишвар хостаанд, то тааҳҳудоти байналмилалии худ дар мавриди риояти ҳуқуқи башарро иҷро кунанд.
"Мо ба ҳукумат хотиррасон мекунем, ки ҷиноят донистани фаъолияти қонунии ҳомиёни ҳуқуқи башар бо уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи башар созгор нест", - омадааст дар изҳороти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, ки рӯзи 4-уми июл нашр шудааст.
Онҳо бар ин назаранд, ки монанд кардани ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ифротгароён ва террористон “амали хеле хатарнок” аст.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки дар 3 моҳи ахири соли 2022-юм 8 рӯзноманигор, блогер ва ҳомиёни ҳуқуқ ба мӯҳлатҳои аз 7 то 29 соли зиндон маҳкум шуданд.
Дар гузориш аз Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидамиминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Иргашов Фаромарзов ва Гул Хушом ном бурда мешавад.
“Мо аз истифодаи ошкори қонунгузории зиддитеррор барои хомӯш кардани мунаққидон изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунем”, - таъкид мекунанд СММ.
СММ боздошти афроди дар боло зикршударо ба инъикосашон аз масоили иҷтимоӣ ва нақзи ҳуқуқи башар рабт медиҳанд.
“Муҳокимаи одилона ва ошкоро аз ҷониби судҳои босалоҳият, мустақил ва беғараз як кафолати муҳим барои ҳама тибқи қонуни байналмилалии ҳуқуқи башар мебошад. Аммо маълумоти бадастомада нишон медиҳад, ки меъёрҳои мурофиаи одилона дағалона вайрон карда шудаанд”, - мегӯянд коршиносони СММ.
Дар муроҷиат ба маҳдуд кардани дастрасии маҳкумшудагон ба адвокатҳо, гурӯҳбандии парвандаҳои ҷиноятӣ, мурофиаҳои пӯшида ва дигар қонуншиканиҳои мурофиавӣ интиқод мешавад.
Масъулони СММ аз гузоришҳо дар бораи нопадид шудани Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Гул Хушом, дар ҳоле, ки Далер Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Улфатоним Мамадшоева мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор гирифтаанд, аз ҷумла барои гирифтани эътирофи бардурӯғ, нигаронӣ мешавад.
Онҳо тақозо мекунанд, ки ин иттиҳомот фаврӣ, беғаразона ва муассир тафтиш карда шавад ва масъулон ҷавоб диҳанд.
Ҳамчунин, дар ин муроҷиат аз шароити боздошти афроди дар боло зикршуда ва вазъи саломатии онҳо изҳори нигаронӣ мешавад.
“Вақти он расидааст, ки Тоҷикистон омодагии худро барои фароҳам овардани фазои мусоид ва амн барои ҳамаи ҳомиёни ҳуқуқи башар мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ нишон диҳад”, - таъкид мекунад дар поёни муроҷиатнома.
Ёдовар мешавем, ки аз боздошт ва ҳабси Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ як сол мегузарад ва хонаводаи онҳо аз ҳукмҳои сангини онҳо норизоянд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста