Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мулоқот карда, масоили вобаста ба марзро баррасӣ кардаанд.
АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 15-уми апрели соли равон дар шаҳри Гулистон ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба татбиқи Протоколи №42 аз 25-уми сентябри соли 2022 баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ки дар он Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон ва Уларбек Шаршеев, директори Хадамоти сарҳадии КДАМ-и Қирғизистон, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Абдикарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ иштирок доштанд, масъалаҳои иҷрои Протоколи №42 дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзии ду кишвар инчунин масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак дар соҳаи ҳифзи сарҳади муштарак баррасӣ шудаанд.
Аммо муҳтавои Протоколи №42 зикр намешавад. Танҳо таъкид мегардад, ки мулоқот дар вазъияти ошкоро ва дӯстона баргузор шудааст.
Зикр мегардад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тамоюли фаъоли рушди ҳамкориҳо миёни ду кишварро дар таъмини амнияти сарҳадӣ ва муколамаи дуҷониб, қайд кардаанд.
Изҳори боварӣ карда шудааст, ки ҳамкориҳои созанда ва судманди Тоҷикистон ва Қирғизистон ба манфиатҳои дарозмуддати халқҳои ду давлат ҷавобгӯ буда, инчунин омили асосии таъмини сулҳу субот ва амнияти ду кишвар мебошад.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба иҷрои протоколҳои мулоқотҳои кории раҳбарони ниҳодҳои марзбонӣ табодули афкор намуда, тааҳҳудоти худро ҷиҳати ноил шудан ба пешрафт дар татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда тасдиқ намуданд.
Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо Протоколи дахлдорро ба имзо расониданд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи муайяну аломатгузории хати сарҳад баҳс доранд ва ин дар марҳилаҳои гуногун боиси даргириҳо ва талафот аз ҳарду ҷониб шудааст. Аммо вақтҳои ҳайатҳои кории ҳарду кишвар пайваста мулоқотҳо мекунанд ва дар мавриди ҳалли баҳс аз пешрафтҳо ҳарф мезананд, лекин созишномаи ниҳоӣ то ҳол имзо нашудааст.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста